Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи барномаи таълимӣ аз рӯи ихтисоси “кори тиббӣ-профилактикӣ”
Санаи 21.01.2021 сол дар бинои асосии донишгоҳ, ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи барномаи таълимӣ аз рӯи ихтисоси “кори тиббӣ-профилактикӣ” баргузор шуд. Дар ҷаласа иштирок доштанд: муовини ректор оид ба корҳои таълимию методӣ д.и.т, профессор Ибодзода С.Т, сардори шуъбаи методӣ Исоева М.Б., директори Маркази рушди стратегӣ ва менеҷмент Маҳмудов Х.Р. ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ. Дар ҷаласа оиди шиносоӣ бо талаботҳои стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва барномаҳои таълимӣ аз рӯи ихтисос, пешниҳоди натиҷаи барномаи таълимӣ ва салоҳиятҳои асосии хатмкунанда аз ҷониби кафедраҳои тахассусӣ ва баррасии шаҳодатномаи касбӣ дар самти тиббӣ-профилактикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Садорати факултети тиббӣ-профилактикӣ