ҒАЛАБАИ БОВАРИБАХШИ ДАСТАИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ

ҒАЛАБАИ БОВАРИБАХШИ ДАСТАИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ

Дар доираи баргузории мусобиқаи футбол байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди пойтахт, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии футбол ҷараён дорад, дастаи футболбозони Донишгоҳ натиҷаи назаррас ба даст овард.

Дар бозии навбатӣ дастаи Донишгоҳ бо маҳорати баланд, руҳияи қавии варзишӣ ва ҳамбастагии намунавӣ бар дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳисоби калони 5 бар 1 пирӯз гардид. Варзишгарони даста аз дақиқаҳои аввали бозӣ ташаббусро ба даст гирифта, бо ҳунари воло ва омодагии ҷиддӣ чандин ҳамлаҳои муассир анҷом доданд.

Ин ғалабаи шоиста нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти Донишгоҳ ба рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон мебошад. Ҳамзамон, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чунин чорабиниҳои варзишӣ барои таҳкими дӯстӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва муаррифии имкониятҳои ҷавонон мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳанӯз идома дошта, дастаи Донишгоҳ бо руҳияи баланд барои бозиҳои минбаъда омодагӣ мебинад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


19.05.2026 9

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php