АГАР ГӮЯНД, КИ ШОҲАНШОҲИ ДАВРОНӢ, ТУ МЕАРЗӢ!

АГАР ГӮЯНД, КИ ШОҲАНШОҲИ ДАВРОНӢ, ТУ МЕАРЗӢ!

Дар таърихи начандон дури халқи тоҷик таҳаввулоти азиме рӯйи кор омад, ки умеду армони ҳазорсолаи мардум ҷомаи амал пӯшид. Миллати куҳанбунёди тоҷик пас аз садсолаҳо соҳиби давлати мустақили худ гардид ва имкони эҳёи давлатдории миллиро ба даст овард. Аммо ин неъмати таърихӣ дар оғози роҳи худ бо имтиҳони басо сангин рӯ ба рӯ шуд. Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва парокандагии миллӣ қарор дошт. Дар чунин шароит масъала танҳо идораи давлат набуд, масъала ҳифзи худи давлат, бақои миллат ва нигоҳ доштани ҳастии таърихии тоҷикон буд. Таърих аз миллат ирода, хирад ва роҳбареро тақозо мекард, ки масъулияти сарнавиштсози ин давраи ҳассосро ба дӯш гирифта, кишварро ба сӯйи сулҳу субот раҳнамун созад.

Бояд баён карда шавад, ки он рӯзҳо Ватан танҳо як мафҳуми ҷуғрофӣ набуд. Ватан дарди модари фарзандгумкарда, ашки кӯдаки бесарпаноҳ, ҳасрати падари аз хона бурунафтода ва орзуи ҳазорон ҳамватане буд, ки маҷбур шуда буданд хоки аҷдодии худро тарк намоянд. Роҳҳо баста, хонаҳо хароб, дилҳо пур аз тарсу нигаронӣ ва фардои давлат норавшан буд. Дар чунин шароит масъала танҳо идораи давлат набуд, масъала ҳифзи худи давлат, бақои миллат ва нигоҳ доштани ҳастии таърихии тоҷикон буд.

Маҳз, дар чунин айёми тақдирсоз, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Иҷлосияе, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рӯйдоди муҳим сабт гардид. Дар ин Иҷлосия масъалаҳои ҳаётан муҳими кишвар баррасӣ шуда, 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Масъулияти роҳбарии давлат дар шароите ба зимаи эшон гузошта шуд, ки кишвар ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи қавии сиёсӣ ниёзи шадид дошт.

Аммо таърих баъзан бо як ҷумлаи кӯтоҳ, вале пурбору сарнавиштсоз дар хотири мардум нақш мебандад. «Ман ба шумо сулҳ меорам!» Ин суханони Раиси Шурои Олии онвақта дар он рӯзҳои пурошӯб танҳо як ваъдаи сиёсӣ набуданд. Онҳо баёнгари орзуи миллионҳо инсон, садои қалби модарони интизори фарзанд, дуои кӯдакони ташнаи осоиш ва умеди мардуме буданд, ки мехостанд, боз дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ кунанд. Роҳи расидан ба сулҳ аз миёни мушкилоти сангин, музокироти мураккаб, нобоварӣ, ихтилоф ва хатарҳои ҷиддӣ мегузашт. Дар чунин вазъият Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати идомаи муколама, гуфтушунид ва ҷустуҷӯи роҳҳои расидан ба созиши миллӣ такя намуданд. Сафарҳо ба кишварҳои минтақа, мулоқот бо намояндагони мухолифин ва талошҳои пайгирона барои барқарорсозии сулҳу субот аз марҳалаҳои муҳими ин раванд буданд. Вале дар паси мафҳуми сулҳ баргардонидани гурезаҳо низ нуҳуфта буд. Ҳазорон оила аз хонаву дари худ дур монда, дар кишварҳои дигар сарпаноҳ меҷустанд. Барои онҳо бозгашт ба Ватан танҳо баргаштан ба як сарзамин набуд, балки бозёфтани решаҳо, хонавода, хотираҳо ва эҳсоси тааллуқ ба хоки аҷдодӣ буд.

Дар он замон бевосита Пешвои миллат иброз дошта буданд, ки: «То замоне, ки охирин гуреза ба Ватан барнагардад, ман худро ором ҳис карда наметавонам». Агар ба моҳияти ин андеша фурӯ рафта шавад, муайян мегардад, ки Пешвои миллат на фақат масъулияти роҳбариро иҷро мекарданд, балки масъулияти инсонӣ ва маънавиро иҷро мекарданд.

Дар рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷомеа ба роҳбаре ниёз дошт, ки аз масъулият нагурезад, барои муколама ва оштӣ роҳ ҷӯяд ва манфиати умумимиллиро аз ихтилофҳои гурӯҳиву минтақавӣ болотар гузорад. Андешаи «Роҳбаре даркор, ки худро фидо карда, Ватанро наҷот диҳад» маҳз дар чунин замина маъно пайдо мекунад.

Хушбахтона, Пешвои миллат ба майдони сиёсат ворид гардиданду бо азму иродаи қавӣ ва ҷонбозиву хизматҳои беназир аз пайи эҳёи давлату ҳукумат камари ҳиммат баста, “мушкилкушои миллат” гардиданд.

Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,

Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат.

Пешвои миллат ба сари қудрат омадан замон дар рушди стратегии Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар қабул кардани Конститутсия, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, пули миллӣ асос гузоштанд. Маҳз, ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистон имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр дорои амнияту сулҳу субот аст.

Албатта, таърихи сулҳи тоҷикон таърихи талоши як шахс танҳо нест. Он натиҷаи хираду таҳаммул, гузашт ва иродаи сулҳҷӯёнаи мардуми Тоҷикистон, иштироки ҷонибҳои даргир, миёнаравӣ ва дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ низ мебошад. Аммо нақши Пешвои миллат дар ташаккули ин раванд ва расидан ба созиши миллӣ аз саҳифаҳои муҳими таърихи навини кишвар аст. Беҳуда нест, ки Президенти Федератсияи Россия В.В.Путин чунин иброз кардааст: “Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони пуртаҷриба ва ботадбири фазои муштараки мо мебошад. Хизматҳои таърихии ӯ дар он аст, ки дар давраи ниҳоят вазнин ва тақдирсоз тавонист, пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирад, давлатро ҳифз кунад ва дар Тоҷикистон сулҳу суботи пойдорро барқарор кунад”.

Имрӯз, вақте ба он рӯзҳои пурмашаққат назар меандозем, арзиши сулҳро амиқтар дарк мекунем.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, моро водор месозад, ки ба таърихи давлатдории навини кишвар, масъулияти роҳбарӣ ва арзиши сулҳу субот бештар таваҷҷуҳ намоем. Ин сана бо оғози Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 пайванди таърихӣ дорад ва соли 2016 ба феҳристи рӯзҳои ид ворид гардидааст.

Дар ин рӯз, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатдорӣ, эҳтиром ба таърих ва ёдоварӣ аз сабақҳои гузашта аҳамияти махсус пайдо мекунад. Зеро миллате, ки таърихи худро меомӯзад, метавонад, аз дастовардҳо сабақ гирад ва аз хатогиҳои гузашта барои оянда хулоса барорад. Сулҳ мероси гаронбаҳост, аммо ҳифзи он масъулияти ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Барои насли имрӯз муҳим аст, ки қадри оромӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва Истиқлолро бидонад. Зеро ояндаи давлат танҳо бо шиорҳо не, балки бо илму дониш, меҳнати созанда, адолат, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми ҳамдигар бунёд мегардад.

Ҳамакнун, дар фазои тинҷиву оромӣ, ки ҳамаи орзуву омоли деринтизори халқи ранҷдидаи тоҷик ҷомаи амал пӯшидааст, насли хушбахти замонро мебояд, ки дар гиромидошти ин неъмати бебаҳо бо шавқу шӯри самимӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, то пайравони содиқи ин Ватану ин миллат ва бахусус, Пешвои миллати хеш бошанд.

Асламзода Г.К., сардори шуъбаи тарбия

 


14.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php