АБУАЛӢ ИБНИ СИНО НОБИҒАИ ТОҶИКУ ФОРС

АБУАЛӢ ИБНИ СИНО НОБИҒАИ ТОҶИКУ ФОРС

“Шояд ҳеҷ миллати шарқӣ ба андозаи форсҳо нобиғае дар фалсафа ва тиб ба ҷаҳон надода бошад, ки Абуалӣ ибни Сино намунаи оллии он аст.” (Эдвард Гранвилл Браун-шарқшиноси донишгоҳи Кембриҷ)

Дар таърихи тамаддуни башшарӣ ситораҳое ҳастанд,ки нури онҳо бо гузашти ас рҳо натанҳо хира намешаванд, балки дурахшонтар ва раҳнамотар мегардад. Яке аз чунин ситораҳои беғуруб ва дурахшони илму фарҳанги ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино бебошад. Ӯ дар мағрибзамин бо номи “Авитсенна” маъруф аст.

Сино танҳо як табиб набуд, ӯ файласуфи бузург, ахтаршинос, кимиёдон,риёзидон шоир ва донишноманависи беназире буд, ки тавонист тамоми донишҳои замони худро ҷамбаст намуда, ба онҳо рӯҳи нав бахшад.

Абуалӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи афшонаи наздикии Бухоро, дар оилаи тоҷик тавалуд шудааст. Аз хурдсоли бо зеҳни тез ва ташнагии беандоза ба илм фарқ мекард. Вай дар синни 10-солагӣ Қуръони маҷидро ҳифз намуда,то 18-солагӣ тамоми илмҳои замони худ-аз мантиқу фалсафа то риёзиёту тиббро мукаммал аз худ кард. Ӯ худаш мегӯяд: “Вақте ба ҳаждаҳсолагӣ расидан, аз тамоми ин илмҳо фариғ шудан... ва имруз дониши ман бештар аз он нест, танҳо пухтатар шудааст”. Шӯҳрати у вақте афзуд,ки амири Бухоро Нӯҳ ибни Мансури Сомониро аз бемории вазнин наҷод дод ва ба унвони мукофот иҷозати истифода аз китобхонаи бузурги дарбори Сомониён- “Сивону-л-ҳикмат”-ро гирифт. Ин ганҷинаи дониш барои Сино заминаи эҷоди асарҳои бузург гардид.

Аз қаъри гули сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал...

 

Барои мо тоҷикон, ибни Сино рамзи заковат, шараф, ҳувияти миллӣ ва саҳми бузурги ниёгонамон дар тамадуни ҷаҳонӣ аст. Имрӯз номи Шайхурраисро бузургтарин муасисаҳои илмӣ ва тиббии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва қулаи баланде дар куҳсори Помир бо ифтихор бар дӯш доранд. Ҳарсол дар кишвар Рӯзи кормандони тиб маҳз дар рӯзи таввалуди ин нобиға 18-август ҷашн гирифта мешавад.

Абуалӣ ибни Сино бо зиндагии кӯтоҳ-57 сол, вале пурмаҳсули худ исбот кард, ки ақли инсон ҳудуд надорад.Ӯ пуле буд миёни илми қадим ва муосир, Шарқ ва Фарҳанг. Васфи Сино танҳо васфи як шахсият нест,балки арҷгузорӣ ба ақли солим, илмдӯстӣ ва сулҳпарварӣ аст. Ибни Сино ҳамеша зинда аст, зеро ҳар бор, ки табибе ҳаёти инсонеро наҷот медиҳад, рӯҳи Шайхурраис шод мегардад.

Холиқов М.Ф.-ассистенти кафедраи биохимия     


26.06.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php