ҶАҲОН БЕ НАШЪАМАНДӢ - ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ИНСОНИЯТ

ҶАҲОН БЕ НАШЪАМАНДӢ - ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ИНСОНИЯТ

Дар зиндагии инсон арзишҳое вуҷуд доранд, ки имрӯзҳо онҳоро бояд гиромӣ дошта, ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Саломатӣ, оилаи солим, маърифат, сулҳу субот ва имконияти рушди ҳамаҷонибаи шахс аз ҷумлаи арзишҳои бунёдие мебошанд, ки бе онҳо пешрафти воқеии ҷомеа ғайриимкон аст. Аммо дар ҷаҳони муосир, дар баробари дастовардҳои бузурги илму техника, таҳдидҳое низ вуҷуд доранд, ки ба саломатии инсон, амнияти ҷомеа ва ояндаи наслҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Яке аз чунин таҳдидҳои ҷиддӣ нашъамандӣ мебошад.

Имрӯз орзуи бунёди ҷаҳони бе нашъамандӣ бояд ба ҳадафи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёбад. Зеро ҷаҳоне, ки дар он инсон қадру манзалати худро медонад, ҷавонон бо илму дониш ва меҳнат ба сӯйи оянда қадам мегузоранд ва ҷомеа саломатии наслҳоро арзиши олӣ мешуморад, метавонад ояндаи воқеан, дурахшон дошта бошад.

Нашъамандӣ аз ҷумлаи мушкилотест, ки оқибатҳои он аз доираи зиндагии як инсон берун рафта, тамоми муҳити иҷтимоиро фаро мегирад. Вобастагӣ ба маводи нашъадор метавонад, тадриҷан саломатии ҷисмонӣ ва равонии инсонро заиф гардонида, қобилияти қабули қарорҳои дуруст, фаъолияти меҳнатӣ ва муносибатҳои иҷтимоии ӯро халалдор созад. Дар чунин ҳолат инсон на танҳо имкониятҳои шахсии худро аз даст медиҳад, балки метавонад, ба манбаи нигаронӣ ва мушкилоти ҷиддӣ барои наздикону пайвандони худ низ табдил ёбад.

Аз нигоҳи тиббӣ, истеъмоли маводи нашъадор ба фаъолияти низоми асаб ва мағзи сар таъсири амиќ расонида, метавонад боиси тағйироти ҷиддии рафторӣ, эҳсосӣ ва ҷисмонӣ гардад. Вобастагӣ аксаран боиси коҳиш ёфтани қобилияти худназоратӣ, халалдор шудани хотира, тағйирёбии ҳолати равонӣ ва пайдоиши бемориҳои гуногун мегардад. Хатари асосӣ дар он аст, ки инсон на ҳамеша дар марҳилаҳои аввали истеъмол оқибатҳои воқеии рафтори худро дарк мекунад. Вале бо гузашти вақт вобастагӣ метавонад, тамоми ҷанбаҳои зиндагии ӯро фаро гирад.

Маҳз, аз ин хотир, нашъамандиро набояд танҳо ҳамчун интихоби нодурусти як шахс арзёбӣ кард. Ин падида мушкилоти фарогири иҷтимоӣ мебошад, ки пешгирии он муносибати ҳамаҷониба, ҳамкории муассисаҳои тиббӣ, таълимӣ, оила ва ҷомеаро тақозо мекунад. Муҳим аст, ки дар баробари мубориза бо паҳншавии маводи нашъадор, ба шахсони гирифтори вобастагӣ низ ҳамчун инсон бо эҳтиром муносибат карда, барои табобат, барқарорсозӣ ва бозгашти онҳо ба зиндагии муқаррарӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро «неруи созанда» унвон кардаанд. Сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, фарҳанг, саломатӣ ва масъулиятшиносии ин қишри ҷомеа то андозае муайян мекунад, ки ҷомеа дар оянда чӣ гуна рушд хоҳад кард. Аз ин рӯ, ҳифзи ҷавонон аз зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла нашъамандӣ, яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Дар ин раванд нақши оила ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Муҳаббат, таваҷҷуҳ, муносибати самимӣ ва назорати оқилонаи падару модар метавонанд, дар ташаккули ҷаҳонбинии солими фарзанд таъсири амиқ гузоранд. Суҳбати ошкоро дар бораи зарари маводи нашъадор, таваҷҷуҳ ба мушкилоти равонӣ ва эҳсосии фарзандон, эҳтиром ба андешаи онҳо ва фароҳам овардани муҳити боварибахш аз омилҳои муҳими пешгирӣ ба ҳисоб мераванд.

Пешгирии нашъамандӣ бояд на танҳо ба огоҳсозӣ аз хатарҳо, балки ба тарбияи шахсияти солим, ватандӯст ва масъулиятшинос равона гардад. Зеро беҳтарин роҳи ҳифзи ҷавонон аз зуҳуроти номатлуб фароҳам овардани шароите мебошад, ки онҳо дар он имконияти воқеии зиндагии арзанда ва ояндаи умедбахшро эҳсос кунанд.

Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир мушкилоти нашъамандӣ марзҳои сиёсиро убур кардааст ва дар мубориза алайҳи ин СММ ва ниҳодҳои махсусгардонидашудаи он, инчунин дигар созмонҳои ҷаҳонии тандурустӣ саҳми назаррас доранд. Фаъолияти онҳо ба ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ, таҳияи стратегияҳои пешгирӣ, дастгирии низоми тандурустӣ, таҳкими иқтидори давлатҳо ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор равона шудааст.

Аммо бояд таъкид кард, ки мубориза бо нашъамандӣ танҳо бо чораҳои ҳуқуқӣ ва маҳдудсозӣ маҳдуд намешавад. Муносибати муосир талаб мекунад, ки ба пешгирӣ, маърифатнокӣ, дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ ва дастгирии иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Шахсе, ки ба вобастагӣ гирифтор шудааст, пеш аз ҳама ба ёрии касбӣ, табобати босифат ва дастгирии равониву иҷтимоӣ ниёз дорад.

Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ, аз ҷумла пешгирии нашъамандӣ ва муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишвар ва воқеияти мураккаби минтақа, ин масъала барои таъмини амният, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва рушди устувори ҷомеа аҳамияти махсус дорад.

Боиси хушнудист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешгирии нашъамандӣ дар доираи сиёсати иҷтимоӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, тарбияи ҷавонон ва таҳкими амнияти ҷомеа мавқеи муҳим дорад. Амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ, фаъолияти мақомоти дахлдор, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории байналмилалӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки ба коҳиш додани ин таҳдид равона шудаанд.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон арзишҳои миллӣ, фарҳанги волои оиладорӣ, эҳтиром ба калонсолон, ғамхорӣ нисбат ба насли наврас ва анъанаҳои неки ниёгон мавќеи хос доранд. Истифодаи самараноки ин арзишҳо дар тарбияи насли наврас метавонад, барои ташаккули муҳити солими иҷтимоӣ заминаи устувор фароҳам оварад. Ҳамзамон, зарур аст, ки ҷавонон бо донишҳои муосир, тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои ҳифзи худ аз таъсироти манфии муҳити иҷтимоӣ мусаллаҳ гарданд.

Ҷавонони мо бояд дарк кунанд, ки кишвари мо танҳо бо дастовардҳои иќтисоливу сиёсӣ маҳдуд намегардад. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон дар ҷомеае ташаккул меёбад, ки дар он инсони солим ба воя расад. Аз ин ҷиҳат, ҳифзи ҷавонон аз нашъамандӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳони муосир вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат аст.

Биёед, дар бунёди ҷаҳони солим ва бе нашъамандӣ саҳмгузор бошем.

Давлатова С.Н., мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 

Асламзода Г.К., ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2


28.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php