АҲМАДИ ДОНИШ -ОМӮЗГОРИ МАЪРИФАТ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

АҲМАДИ ДОНИШ -ОМӮЗГОРИ МАЪРИФАТ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ дар санаи 2-отябри соли љорї бахшида ба бузургдошти Аҳмади Дониш семинари илмӣ таҳти унвони «Баррасии масъалаҳои ахлоқӣ ва таълимию тарбиявии осори Аҳмади Дониш» бо иштироки гурӯҳҳои куратории 41, 42 ва 45-и факултети тиббӣ баргузор гардид.

Семинари илмиро мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, дотсент Маҳмудова С.С., ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти омӯзиш ва тарғиби мероси илмӣ, адабӣ ва маънавии Аҳмади Дониш суханронӣ намуд. Дар суханронии худ таъкид гардид, ки Аҳмади Дониш яке аз чеҳраҳои барҷастаи илму адаби тоҷик ва намояндаи маъруфи ҷараёни маорифпарварӣ ба шумор меравад. Ӯ ҳамчун нависанда, мутафаккир ва маорифпарвар дар осори худ масъалаҳои муҳими донишомӯзӣ, ахлоқи инсонӣ, тарбия, адолат, маърифат ва пешрафти ҷомеа-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Зикр гардид, ки мероси маънавӣ ва афкори пешқадами Аҳмади Дониш барои насли ҷавони имрӯза низ аҳамияти муҳими таълимию тарбиявӣ дорад. Андешаҳои ӯ ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, эҳтиром ба дониш ва илм, худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва ахлоқи ҳамида равона шудаанд.

Дар идомаи семинар кураторони гурӯҳ, Каримова М.Д., Мирзоева Г.Њ. баромад намуда, оид ба аҳамияти омӯзиши осори Аҳмади Дониш дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон суханронӣ кард. Қайд гардид, ки шиносоии донишҷӯён бо мероси адабӣ ва андешаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо мусоидат менамояд.

Сипас, донишҷӯёни гурӯҳҳои 41, 42 ва 45 бо маърузаҳои омоданамудаи худ баромад намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти Аҳмади Дониш, осори адабӣ ва илмии ӯ, масъалаҳои ахлоқӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ дар осораш, инчунин нақши андешаҳои ӯ дар рушди маърифат ва фарҳанги ҷомеа маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар рафти семинар байни омӯзгорон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба масъалаҳои худшиносӣ, донишомӯзӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба илму маърифат ва саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар фарҷоми семинар таъкид гардид, ки омӯзиш ва тарғиби мероси адабӣ, илмӣ ва маънавии Аҳмади Дониш барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик аҳамияти муҳим дорад.

Кафедраи забонҳои хориҷӣ



05.10.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php