8 МАРТ- РӮЗИ МОДАР
8 март дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмиллалии занон, ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз на танҳо иди баҳорӣ,балки санаи муҳими таърихӣ ва иҷтимоӣ мебошад ва ба эҳтиром, қадршиносӣ ва дастгирии занон, бахшида шудааст. Он рамзи эҳтиром ба зан, эътирофи ҳуқуқҳои ӯ ва қадршиносии саҳмаш дар пешрафти ҷомеа аст. 8 март моро водор месозад ,ки ба мавқеи зан дар оила ва ҷомеа бо назари амиқтар нигарем, зеро онҳо дар ҳаёти инсон ва ҷомеа ҷойи хеле муҳимро доранд. Бо меҳрубонӣ ,сабр ва меҳнати худ занон ба пешрафти оила ва ҷомеа саҳми муҳим мегузоранд.
Таърихи пайдоиши ин рӯз ба ҳаракатҳои занон дар охири асри XIX ва аввали асри XX вобаста аст. Дар он замон барои беҳтар гардонидани шароити кор, кам шудани соатҳои меҳнат, гирифтани маоши одилона ва ҳуқуқи иштирок дар интихобот мубориза мебурданд. Онҳо мехостанд, ки мисли мардон дар ҷомеа мавқеи баланд дошта бошанд. Бо талошу заҳмати зиёд , ниҳоят ин рӯз ҳамчун рӯзи байналмиллалии занон пазируфта шуд ва имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 8 март ҳамчун иди расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзро дар саросари кишвар бо чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ ҷашн мегарданд. Дар мактабҳо хонандагон барномаҳои идона ташкил мекунанд. Онҳо шеърҳо дар васфи модар мехонанд , сурудҳои дилнишин месароянд ва бо суханони самимӣ, занон ва модаронро табрик менамоянд. Дар идораҳо ва ташкилотҳо низ маҷлисҳои идона баргузор шуда , занон бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Зан пеш аз ҳама модар аст . Шахсе , ки фарзандро ба дунё оварда , бо меҳру муҳаббат ба камол мерасонад. Модар аввалин мактаб ва аввалин омӯзгори фарзанд мебошад. Аз тарбияи модар ояндаи фарзанд ва ҳатто ҷомеа вобаста аст. Меҳрубонӣ, инсондӯстӣ, ватандорӣ ва дигар хислатҳои нек маҳз дар оғӯши модар ташаккул меёбад.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳар чи дорад ин ҷамоъат аз дуои модар аст.
Он чи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто зери пои модар аст.
Модар калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст . Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ , шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шудаанд.Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст , ки барои ҳифзи ӯ фарзандон ҳатто ҷонашонро дареғ намедоранд.
Ғайр аз ин занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт фаолият доранд. Онҳо дар соҳаи маориф ба насли наврас дониш меомӯзанд , дар соҳаи тиб саломатии мардумро ҳифз мекунанд, дар илм кашфиётҳо анҷом медиҳанд ва дар фарҳанг анъанаҳои миллиро нигоҳ медоранд.Имрӯз занон дар пешрафти иқтисод, сиёсат ва ҳаёти иҷтимоии кишвар саҳми назаррас доранд. Муваффақиятҳои онҳо нишон медиҳанд, ки зан қодир аст дар баробари мард дар рушди ҷомеа саҳмгузор бошад.
Тавурова М.А -ассистенти кафедраи гистология