35 - СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ: РОҲИ ТАЙШУДА ВА МАСЪУЛИЯТИ НАСЛИ ҶАВОН

35 - СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ: РОҲИ ТАЙШУДА ВА МАСЪУЛИЯТИ НАСЛИ ҶАВОН

Истиқлолият барои ҳар як миллат танҳо як калима нест. Он ҳуқуқи интихоби роҳи худ, эҳсоси соҳибватанӣ ва масъулият дар назди гузаштаву оянда мебошад. Барои мардуми тоҷик 35 соли Истиқлолияти давлатӣ давраи пур аз воқеаҳои муҳим, мушкилот, сабақҳо ва дастовардҳо ба ҳисоб меравад.  Нақши истиқлолият дар таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, эҳёи худшиносии миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии насли чавон хеле зиёд аст.

Вақте мо калимаи «Истиқлолият»-ро мешунавем, шояд аввал дар зеҳнамон парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва санаи 9 сентябр пайдо шавад. Аммо агар каме амиқтар андеша кунем, мефаҳмем, ки истиқлолият аз як сана хеле бузургтар аст. Истиқлолият — ин имкони худ қарор қабул кардан аст. Ин имкони худ муайян кардани ояндаи кишвар аст. Ин эҳсоси он аст, ки ту дар як давлати соҳибихтиёр зиндагӣ мекунӣ ва сарнавишти он ба сарнавишти худат вобаста аст. 35 сол пеш Тоҷикистон ба як марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд. 9 сентябри соли 1991 кишвари мо соҳибистиқлол гардид. Аммо истиқлолият дар ҳамон рӯз ба маънои пурраи худ ба даст наомад. Баръакс, ҳамон рӯз оғози роҳи душвор ва масъулияти бузург буд. Имрӯз, баъд аз 35 сол, саволи муҳим ин аст: мо бо ин истиқлолият чӣ кор кардем ва онро ба насли оянда чӣ гуна месупорем?

Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон солҳои осон набуданд. Давлати ҷавон бо мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Низоъҳои дохилӣ ба ҷомеа таъсири сахт расонданд. Ин давра ба мо як ҳақиқати муҳимро нишон дод: доштани давлат осонтар аз нигоҳ доштани давлат аст. Барои сохтани давлат танҳо сарҳад ва парчам кофӣ нест. Давлат ба сулҳ, қонун, иқтисоди қавӣ, маориф, фарҳанг, масъулияти шаҳрвандӣ ва пеш аз ҳама б ваҳдати а ваҳдати мардум ниёз дорад. Аз ҳамин нуқтаи назар, сулҳу миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои давраи истиқлолият мебошад. 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои Тоҷикистон оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид. Ҷомеа тадриҷан аз фазои низоъ ба фазои созандагӣ гузашт. Ин таҷриба барои мо як сабақи бузург дорад: ҳар вақте миллат манфиати умумиро аз ихтилоф болотар гузорад, роҳи сулҳу пешрафт пайдо мешавад. 35 сол — як лаҳза дар таърих, аммо як умр барои инсон. Касе, ки соли 1991 таваллуд шудааст, имрӯз 35-сола аст. Ӯ тамоми умри худро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол гузаронидааст.

Мактабе, ки мо дар он таҳсил мекунем, донишгоҳе, ки дар он дониш меомӯзем, роҳҳое, ки мо тай мекунем, забоне, ки бо он сухан мегӯем, парчаме, ки дар чорабиниҳои байналмилалӣ мебинем  ҳамаи инҳо қисме аз воқеияти давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Имрӯз қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, сухан дар бораи ояндаи давлат бе сухан дар бораи ҷавонон маънои пурра пайдо намекунад. Пайваста Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон менавмоянд, ки ҷавонон ояндаи миллату давлатанд. Ҷавонон имрӯз низ қисми фаъоли кишвар мебошанд. Ояндаи Тоҷикистон дар синфхонаҳо, донишгоҳҳо, лабораторияҳо, корхонаҳо ва марказҳои технологӣ сохта мешавад. Ҳар як ҷавоне, ки дониш меомӯзад, касб аз худ мекунад, бо виҷдон меҳнат менамояд ва барои ҷомеа фоида меорад, дар асл барои таҳкими истиқлолият саҳм мегузорад. Имрӯз ба Ватан на танҳо бо сухан, балки бо дониш ва меҳнат хизмат кардан лозим аст. Агар як ҷавон соҳиби касби хуб шавад  ин барои кишвар сармоя аст. Агар як донишҷӯ ихтироъ кунад  ин барои кишвар пешрафт аст. Агар як ҷавон бо масъулият ба ҷомеа муносибат кунад  ин барои давлат қувват аст. Аз ин рӯ, ватандӯстӣ танҳо гуфтани «Ватанро дӯст медорам» нест. Ватандӯстӣ инчунин хондан, омӯхтан, кор кардан ва барои беҳтар шудани ҷомеа саҳм гузоштан аст.

Дар ҷаҳони имрӯз давлатҳо танҳо бо қувваи ҳарбӣ рақобат намекунанд. Дониш, технология, иқтисод ва иттилоот низ қудрат мебошанд.

Аз ин рӯ, дар асри XXI истиқлолияти фикрӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ҷавоне, ки қобилияти таҳлил кардан дорад, ҳар маълумоти дар интернет бударо бидуни санҷиш қабул намекунад. Ӯ метавонад дуруст ва нодуруст, ҳақиқат ва дурӯғро аз ҳам ҷудо кунад. Барои ҳамин, ба назари ман, яке аз вазифаҳои муҳими насли ҷавони Тоҷикистон ин аст, ки насли донишманд, соҳибкасб ва дорои зиракии сиёсӣ ва тафаккури илмӣ бошад.

Мо бояд технологияро истифода барем, аммо ғуломи технология нашавем. Мо бояд аз ҷаҳон дониш гирем, аммо ҳувияти худро гум накунем. Мо бояд ба дигарон эҳтиром гузорем, аммо арзишҳои миллии худро низ ҳифз намоем.

35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо бояд на танҳо як ҷашн, балки як лаҳзаи андеша бошад. Истиқлолият ба мо танҳо як давлатро мерос нагузоштааст, балки масъулияти бузургеро низ бар дӯши мо гузоштааст. Имрӯз нигоҳ доштани ин неъмати муқаддас аз ҳар яки мо махсусан аз ҷавонон, ки неруи созандаи миллатанд, вобаста мебошад. Мо бояд истиқлолиятро на танҳо бо сухан, балки бо дониш, меҳнати ҳалол, худшиносӣ, ваҳдат ва садоқат ба Ватан ҳифз намоем. Зеро Ватан танҳо сарзамине нест, ки дар он зиндагӣ мекунем; Ватан он ояндаест, ки мо имрӯз барои фарзандони худ месозем. Истиқлолиятро ба мо супориданд  акнун навбати мост, ки онро бо сари баланд ба наслҳои оянда бирасонем.

Комилов А.Ф.- ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


07.09.2026 8

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php