35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ БУНЁДИ ДАВЛАТ ТО ТАҲКИМИ ҶОЙГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ БУНЁДИ ДАВЛАТ ТО ТАҲКИМИ ҶОЙГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

35 соли истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи тақдирсоз ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра кишвар аз як ҳолати мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ба як давлати устувор, дорои ҷойгоҳи муайян дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт. Роҳи тайкардаи давлат дар ин солҳо нишон медиҳад, ки истиқлол танҳо як арзиши сиёсӣ нест, балки заминаи воқеии ташаккули давлатдории миллӣ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими худшиносии ҷомеа мебошад.

Истиқлолият барои Тоҷикистон дар шароите ба даст омад, ки ҷомеа ба мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо нооромиҳо ва низоъҳои дохилӣ ҳамроҳ гардида, давлатдории навбунёдро ба як имтиҳони ҷиддӣ кашид. Аммо, маҳз бо талошҳои роҳбарияти сиёсӣ ва иродаи мардум, кишвар тавонист аз ин бӯҳрон раҳоӣ ёфта, ба сӯи сулҳу ваҳдати миллӣ қадам гузорад. Имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ як нуқтаи гардиш дар таърихи давлат гардид, ки барои рушди минбаъдаи сиёсӣ ва иқтисодӣ замина гузошт.

Дар ин раванд нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим арзёбӣ мегардад. Роҳбарияти устувор ва сиёсати хирадмандона имкон дод, ки пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам гарданд ва самтҳои асосии рушди кишвар муайян шаванд. Дар сиёсати дохилӣ таъмини суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар мадди аввал қарор гирифтанд. Ин омилҳо замина фароҳам оварданд, ки ҷомеа ба сӯи созандагӣ ва бунёдкорӣ равона гардад.

Дар давраи истиқлолият иқтисодиёти кишвар низ марҳила ба марҳила рушд ёфт. Гарчанде дар солҳои аввал иқтисоди миллӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ буд, тадриҷан бо татбиқи ислоҳот ва ҷалби сармоягузорӣ бахшҳои мухталифи иқтисод рушд карданд. Имрӯз Тоҷикистон дар самти энергетика, нақлиёт, саноат ва кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ба кишвар имкон медиҳад, ки ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардад ва ҳатто ба содиркунандаи нерӯи барқ табдил ёбад.

Соҳаи иҷтимоӣ низ дар ин давра таҳаввулоти муҳимро аз сар гузаронид. Бунёди мактабҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва марказҳои фарҳангӣ нишон медиҳад, ки давлат ба рушди сармояи инсонӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, дастгирии ҷавонон ва рушди илм аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб мешаванд. Дар натиҷа, имрӯз насли ҷавони кишвар имкониятҳои бештар барои таҳсил ва рушд дорад.

Дар баробари ин, Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ низ ҷойгоҳи худро пайдо намояд. Сиёсати хориҷии кишвар бар асоси принсипҳои сулҳҷӯёна, ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобила роҳандозӣ гардидааст. Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори як қатор иқдомҳои глобалӣ, махсусан дар соҳаи об, дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст. Пешниҳодҳои кишвар дар масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Имрӯз Тоҷикистон узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ буда, бо кишварҳои гуногун робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиро густариш медиҳад. Ин ҳамкорӣ на танҳо ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад, балки ба таҳкими суботи минтақавӣ низ таъсири мусбат мерасонад. Ҷойгоҳи Тоҷикистон ҳамчун як давлати сулҳҷӯ ва ташаббускор дар минтақа ва ҷаҳон тадриҷан мустаҳкам мегардад.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як кишвар новобата аз рушд дорои проблемаҳоест, ки ҳал кардани онҳо на як рӯзу ду рӯз аст, балки марҳила ба марҳила роҳи ҳалли хешро меёбанд. Аммо таҷрибаи 35 соли истиқлол нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои зарурӣ барои бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта мебошад.

Бо изҳори ифтихори баланд бояд иқрор шуд, ки 35 соли истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон як давраи ташаккул, рушд ва таҳким мебошад. Аз бунёди пояҳои давлатдорӣ то ба даст овардани ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналмилалӣ, кишвар роҳи пурпечутоб, вале пурифтихорро тай кардааст. Истиқлол имрӯз ҳамчун арзиши олӣ ва муқаддас дар зеҳни ҷомеа ҷой гирифта, барои наслҳои оянда ҳамчун роҳнамои рушди устувор хизмат хоҳад кард.

Одилов Ф. Р.-ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

АЗ ИДОРА: Муҳтарам Фурқат Рузиқулович! Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ, Шуморо ба ифтихори ҳимояи муваффақонаи рисолаи номазадӣ аз рӯйи ихтисоси сиёсатшиносӣ табрику муборакбод намуда, бароятон дар фатҳи минбаъдаи қуллаҳои илм бурдбориҳо орзу менамоянд. Ҳимояи рисолаи номзадиатон ххуд як туҳфаи гаронбаҳоест барои самти илмии Донишгоҳ ба истқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ.


20.04.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php