35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО САЗОВОР ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ!

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО САЗОВОР ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ!

Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илму маориф ва тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин замина, коллективи кафедраи эпидемиология ба номи профессор Рофиев Ҳ.Қ.-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино низ фаъолияти худро ба рушди илми тиб, таҳкими иқтидори кадрӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб равона намуда, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирад.

Кафедраи эпидемиология имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими таълимӣ, илмӣ ва методии донишгоҳ табдил ёфта, дар татбиқи ислоҳоти соҳаи таҳсилоти тиббӣ саҳми назаррас дорад. Дар солҳои охир бо назардошти талаботи замон ва рушди босуръати илми тиб дар кафедра чор фанни мустақил ба монанди «Усулҳои таҳқиқот», «Вогиршиносӣ», «Биостатистика» ва «Вогиршиносии ҳарбӣ» ба роҳ монда шуданд, ки барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Фаъолияти илмии ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Танҳо дар солҳои 2023-2025 омӯзгорони кафедра 7 мақолаи илмиро дар маҷаллаҳои байналмилалии индексатсияшавандаи “SCOPUS” ба нашр расониданд. Ин нишондиҳанда аз рушди тадқиқоти илмӣ, баланд гардидани сифати корҳои илмӣ ва иштироки фаъолонаи омӯзгорон дар фазои байналмилалии илмӣ шаҳодат медиҳад.

Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти кафедра рушди неруи илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мебошад. Дар панҷ соли охир 7 нафар омӯзгорону муҳаққиқон рисолаҳои илмии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, сафи олимони соҳаро пурра карданд. Ин дастовардҳо аз мавҷудияти муҳити солими илмӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди кадрҳои илмӣ дарак медиҳанд.

Хизматҳои шоистаи ҳайати омӯзгорон ҳамеша қадрдонӣ мегарданд. Дар панҷ соли охир як нафар омӯзгори кафедра бо нишони соҳавии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», ду нафар бо нишони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» сарфароз гардида, чанд нафар омӯзгорони дигар бо ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Ин қадршиносӣ нишонаи эътирофи хизматҳои арзандаи омӯзгорон дар тарбияи кадрҳои соҳибтахассус ва рушди илми тиб мебошад.

Дастовардҳои кафедра дар самти фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ низ назаррас мебошанд. Кафедра барои ғолибият дар озмуни «СНК-2023» дар номинатсияи «Тарҳи эҷодӣ дар байни кафедраҳои Донишгоҳ» бо диплом сарфароз гардонида шуд, ки аз фаъолияти созанда ва ташаббускории ҳайати омӯзгорону донишҷӯён шаҳодат медиҳад.

Боиси ифтихор аст, ки мудири кафедра, профессор Усманова Г. М. бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2024, таҳти №847, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд. Инчунин, бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2025 ба номбурда унвони илмии профессор дода шуд. Ин дастовардҳо на танҳо муваффақияти шахсӣ, балки дастоварди тамоми коллективи кафедра маҳсуб меёбанд.

Дар баробари фаъолияти таълимию илмӣ, ҳайати кафедра ба корҳои тарбиявию фарҳангӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бо ташаббуси омӯзгорзанони кафедра аксияи тарғиботии «Зеби чакану атлас - зебосанами тоҷик» роҳандозӣ гардида, дар тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон саҳми муассир гузошт.

Дар самти тарбияи ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати таърихии онҳо омӯзгорони кафедра пайваста бо донишҷӯён аз Майдони Истиқлол ва осорхонаҳои таърихии шаҳри Душанбе боздид намуда, онҳоро ба омӯзиши таърихи давлатдории миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят менамоянд.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди фаъолияти илмии донишҷӯён низ яке аз самтҳои афзалиятноки кафедра ба ҳисоб меравад. Дар солҳои охир 6 нафар донишҷӯён таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедра дар конфронсҳои олимони ҷавон ширкат варзида, бо дипломҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Ин натиҷаҳо аз фаъолияти босамари маҳфилҳои илмии донишҷӯён ва муҳити созандаи илмӣ дар кафедра шаҳодат медиҳанд.

Омӯзгорони кафедра бо мақсади такмили ихтисос ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар семинару тренингҳои байналмилалӣ дар ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон фаъолона иштирок намуда, дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро дар раванди таълим ва таҳқиқоти илмӣ татбиқ менамоянд.

Дар солҳои пандемияи COVID-19 ҳайати кафедра дар корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ иштироки фаъол дошта, доир ба масъалаҳои пешгирӣ, ташхис ва роҳҳои мубориза бо беморӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, дар баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ саҳми назаррас гузоштанд. Таҷрибаи солҳои пандемия бори дигар собит намуд, ки илми вогиршиносӣ ва фаъолияти эпидемиологӣ дар таъмини амнияти санитарию эпидемиологии кишвар нақши калидӣ дорад.

Имрӯз коллективи кафедраи эпидемиология ба номи профессор Рофиев Ҳ.Қ. бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат фаъолият намуда, тамоми неру ва имкониятҳои худро барои рушди илми тиб, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва таҳкими иқтидори илмии мамлакат сафарбар кардааст. Дастовардҳои солҳои охир шаҳодати онанд, ки ҳайати кафедра 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас ва дастовардҳои арзанда истиқбол гирифта, барои фатҳи қуллаҳои нави илму маориф омода мебошад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


02.07.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php