35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО САЗОВОР ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ! КАФЕДРАИ ТАЪЛИМИ АСОСҲОИ БЕМОРИҲОИ КӮДАКОНА

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО САЗОВОР ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ! КАФЕДРАИ ТАЪЛИМИ АСОСҲОИ БЕМОРИҲОИ КӮДАКОНА

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла низоми маориф ва тандурустӣ, заминаи мусоиди рушду пешрафтро фароҳам овардааст. Дар партави сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи таҳсилоти олии тиббӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, муассисаҳои таълимӣ дар самти омодасозии мутахассисони баландихтисос ва рушди илми тиб саҳми арзанда мегузоранд.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назарраси таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ истиқбол мегирад. Фаъолияти кафедра ба татбиқи сиёсати давлатии соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии донишҷӯён ва таҳкими заминаҳои илмию методӣ равона гардидааст.

Дар солҳои охир аз ҷониби ҳайати кафедра 7 адад воситаҳои таълимӣ оид ба ғизои кӯдакон таҳия ва аз чоп бароварда шуданд. Ҳамзамон, дар чаҳорчӯбаи иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ оид ба ғизои кӯдакон 6 дастури таълимӣ ва 2 коркарди таълимию методӣ таҳия ва ба истифода пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, дастури таълимии «Муҳофизат, мусоидат ва дастгирии синамаконӣ дар муассисаҳои тиббие, ки ба модарон, навзодон ва кӯдакон хизматрасонӣ пешниҳод менамоянд» ба нашр расида, дар такмили фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ нақши муҳим мегузорад.

Фаъолияти илмию инноватсионии кафедра низ назаррас мебошад. Дар соли 2024 ду пешниҳоди навоварӣ дар мавзӯъҳои «Усули ислоҳи плазмаи инфузионӣ ҳангоми плазмаферез дар беморони гирифтори шаклҳои вазнини синдроми Гийен-Барре» ва «Усули интихоби терапияи патогенетикӣ дар беморони гирифтори ҷараёни вазнин ва ниҳоят вазнини синдроми Гийен-Барре, ки дар шароити вентиляцияи сунъии шуш қарор доранд» пешниҳод гардида, барои рушди тибби амалӣ аҳаммияти назаррас доранд.

Дар баробари фаъолияти таълимию илмӣ, ҳайати кафедра ба корҳои ҷамъиятӣ ва башардӯстона низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Омӯзгорони кафедра тайи панҷ соли охир ба таври ройгон дар чорабинии ҷумҳуриявии «Корвони саломатӣ», ки дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» баргузор мегардад, фаъолона иштирок намуда, ба аҳолӣ хизмати машваратӣ ва тиббӣ мерасонанд.

Самти баланд бардоштани маҳорати касбӣ низ дар меҳвари фаъолияти кафедра қарор дорад. Дар панҷ соли охир 82,4 фоизи кормандони асосии кафедра аз курсҳои такмили ихтисоси тахассусӣ ва педагогӣ гузашта, сатҳи дониш ва малакаи касбии худро такмил додаанд.

Дастовардҳои донишҷӯён низ мояи ифтихори кафедра мебошанд. Таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедра ду нафар донишҷӯ дар Олимпиадаи байналмилалии олимони ҷавон дар Ҷумҳурии Узбекистон соҳиби ҷойи дуюм гардиданд. Аъзои Ҷамъияти илмии донишҷӯён бошад, дар давоми панҷ соли охир дар 26 конфронси илмӣ-амалӣ иштирок намуда, соҳиби 6 ҷойи аввал гардидаанд, ки аз сатҳи баланди омодагӣ ва рушди иқтидори илмии ҷавонон шаҳодат медиҳад.

Омӯзгорони кафедра бо мақсади табодули таҷриба ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар форумҳо ва ҳамоишҳои илмӣ дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Русия, Беларус, Арманистон ва Озарбойҷон фаъолона иштирок намуда, дастовардҳои илми тибби ватаниро муаррифӣ мекунанд.

Дар самти фаъолияти илмӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Дар панҷ соли охир зиёда аз 350 таълифоти илмӣ ба нашр расида, 5 китоби дарсӣ бо се забон таҳия ва ба истифода пешниҳод гардидааст. Ин дастовардҳо аз иқтидори баланди илмӣ ва саҳми арзандаи омӯзгорони кафедра дар рушди илми тибби кӯдакона дарак медиҳанд.

Пойгоҳи моддию техникии кафедра низ мутобиқ ба талаботи замони муосир таҷдид ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Синфхонаҳо ва утоқҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, муҳити кафедра бо баннеру овезаҳои инъикоскунандаи сиёсати созанда, сулҳпарварона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат оро ёфтааст, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар байни омӯзгорону донишҷӯён саҳми муассир мегузорад.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона бо такя ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва бо эҳсоси баланди масъулият ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намуда, минбаъд низ барои омода намудани мутахассисони соҳибкасб, рушди илми тиб ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


02.07.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php