35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО БО ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ: АСПИРАНТИ ДОНИШГОҲ СОҲИБИ ПАТЕНТИ АВРУОСИЁ ГАРДИД

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО БО ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ: АСПИРАНТИ ДОНИШГОҲ СОҲИБИ ПАТЕНТИ АВРУОСИЁ ГАРДИД

Бо ифтихор аз ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои илмии ҷавонони кишвар бозгӯи онанд, ки фазои илм ва навоварӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сол то сол рушду такомул меёбад. Яке аз чунин дастовардҳои арзишманд ба аспиранти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 ба номи К. М. Қурбонови МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» Шарифзода Суннатулло Аҳмад тааллуқ дорад.

Дар натиҷаи таҳқиқоти илмии чандинсола, таҷрибаҳои амалӣ ва фаъолияти пайвастаи ихтироъкорона, ихтирои ӯ таҳти унвони «Исканҷи ҷарроҳӣ барои мустаҳкам намудан ва бардоштани бачадон ва ҳосияҳои он» соҳиби патенти Авруосиё №053917 гардида, аз ҷониби Идораи патентии Авруосиё ҳифзи ҳуқуқӣ пайдо намуд. Патенти Авруосиё яке аз шаклҳои бонуфузи ҳифзи моликияти зеҳнӣ буда, эътибори он дар як қатор давлатҳои узви Созмони патентии Авруосиё амал мекунад ва танҳо ихтирооте соҳиби чунин патент мегардад, ки ба талаботи навгонӣ, сатҳи ихтироъкорӣ ва қобилияти истифодаи саноатӣ ҷавобгӯ бошад.

Ихтирои мазкур ба такмили усулҳои ҷарроҳии гинекологӣ равона гардида, барои мустаҳкам нигоҳ доштан ва бардоштани бачадон ва ҳосияҳои он ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ пешбинӣ шудааст. Татбиқи он метавонад ба беҳтар шудани имконияти назорати ҷарроҳ, баланд гардидани дақиқии амалҳои ҷарроҳӣ, коҳиш ёфтани осеб ба бофтаҳои атроф ва дар маҷмӯъ баланд шудани самаранокии ҷарроҳиҳои гинекологӣ мусоидат намояд.

Қобили зикр аст, ки Шарифзода Суннатулло Аҳмад, новобаста аз ҷавон буданаш, аллакай худро ҳамчун муҳаққиқи соҳибистеъдод ва ихтироъкори фаъол муаррифӣ кардааст. Пеш аз ин низ ӯ ҳаммуаллифи ихтирои дигаре дар соҳаи ҷарроҳӣ таҳти унвони «Тарзи табобати захмҳои фасодии пас аз ҷарроҳӣ дар девори пеши шикам» буда, он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ихтироъ ба қайд гирифта шудааст. Ин далел шаҳодати он аст, ки фаъолияти илмии ӯ пайваста идома дошта, натиҷаҳои таҳқиқоташ ба ҳалли масъалаҳои муҳими тибби амалӣ нигаронида шудаанд.

Соҳиб гардидани патенти Авруосиё барои ихтирои нав на танҳо муваффақияти шахсии муҳаққиқи ҷавон, балки дастоварди арзишманд барои мактаби илмии ҷарроҳии Донишгоҳ ва илми тибби Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин муваффақият бозгӯи он аст, ки ҷавонони донишманд метавонанд бо таҳқиқоти навоварона дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо намуда, нуфузи илмии кишвари худро муаррифӣ намоянд.

Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ аспиранти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 ба номи К. М. Қурбонов Шарифзода Суннатулло Аҳмад ва роҳбари илмии ӯ доктори илмҳои тиб, профессор, мудири кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 ба номи К. М. Қурбонов, Назаров Шоҳин Қувватовичро бо ин дастоварди бузурги илмӣ самимона табрик намуда, ба онҳо дар роҳи таҳқиқоти илмӣ, ихтироъкорӣ ва рушди минбаъдаи илми тиб комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.

Бовар дорем, ки ин дастоварди арзишманд туҳфаи сазовори ҷомеаи илмии Донишгоҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар рушди илм, татбиқи технологияҳои нави тиббӣ ва баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


30.07.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php