35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

Дар партави сиёсати созандаву маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми таҳсилоти олии кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар ин раванд саҳми кафедраҳои ҷомеашиносӣ дар тарбияи маънавӣ, сиёсӣ ва ватандӯстии ҷавонон назаррас мебошад. Кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳ ҳамчун яке аз калонтарин ва фаъолноктарин кафедраҳои муассиса дар татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи шаҳрвандии донишҷӯён нақши арзанда дорад.

Имрӯз дар кафедра омӯзиши нӯҳ фанни муҳими ҷомеашиносӣ - ҳуқуқ аз рӯйи ихтисос, таърихи муосири Тоҷикистон, сиёсатшиносӣ, фалсафа, сотсиология, этика ва эстетика, асосҳои биоэтика, диншиносии илмӣ ва фарҳангшиносӣ ба роҳ монда шудааст. Дарсҳо бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баргузор гардида, барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифати шаҳрвандии мутахассисони ояндаи соҳаи тандурустӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Яке аз дастовардҳои назарраси кафедра дар солҳои охир таҳкими иқтидори илмии ҳайати омӯзгорон мебошад. Дар давоми се соли охир нишондиҳандаи унвондории кафедра аз 13 фоиз ба 42 фоиз расида, ин нишондод аз рушди фаъолияти илмӣ ва афзоиши неруи кадрии кафедра шаҳодат медиҳад.

Дастовардҳои донишҷӯён низ мояи ифтихори коллективи кафедра мебошанд. Ҳар сол донишҷӯёни Донишгоҳ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таърихи муосири Тоҷикистон, фалсафа ва сиёсатшиносӣ сазовори ҷойҳои намоён, аз ҷумла ҷойҳои аввал мегарданд. Ҳамчунин, соли гузашта дастаи донишгоҳ таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедра дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳуқуқшинос» ба ғолибият ноил гардид.

Боиси ифтихори махсус аст, ки донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Азиззода Мирзобег таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедра дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат» ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардид.

Фаъолияти таълифӣ ва табъу нашри китобҳои дарсӣ низ аз дастовардҳои муҳими кафедра ба ҳисоб меравад. Бори аввал бо забони давлатӣ китоби «Асосҳои биоэтика» таҳия ва ба нашр расонида шуд. Ҳамчунин, китобҳои дарсӣ аз фанҳои «Сиёсатшиносӣ» ва «Диншиносии илмӣ» ба чоп расида, имрӯз ҳамчун манбаи муҳими таълимӣ дар раванди омӯзиш мавриди истифода қарор доранд. Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кафедра 2 рсиолаи докторӣ ва 5 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуданд.

Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти касбӣ фаъолияти худро баҳри тарбияи мутахассисони соҳибмаърифат, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдории миллӣ идома дода, дар рушду пешрафти Донишгоҳ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


06.07.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php