24-УМИ АПРЕЛ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ДАР ҲАМКОРӢ БО МДТФБ ТО "ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ИЖЕВСК" ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ САМАРҚАНД ДАР МАВЗУИ"РУШД ВА ҲАМГИРОӢ: ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ

24-УМИ АПРЕЛ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ДАР ҲАМКОРӢ БО МДТФБ ТО "ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ИЖЕВСК" ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ САМАРҚАНД ДАР МАВЗУИ"РУШД ВА ҲАМГИРОӢ: ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ

Дар доираи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пешрафт ва ҳамгироӣ: дастовардҳои илмӣ дар клиника», ки бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бахшҳои сершумори илмӣ пешбинӣ шудаанд, ки фарогири самтҳои асосии тибби муосир мебошанд ва барои баррасии масъалаҳои мубрам, пешниҳоди натиҷаҳои таҳқиқот ва мубодилаи таҷрибаи касбӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд, аз ҷумла бахшҳои ҷарроҳӣ дар ду самт, ҷарроҳии дилу рагҳо ва эндоваскулярӣ, микроҷарроҳии пластикӣ ва барқарорсозӣ, акушерӣ ва гинекология дар якҷоягӣ бо урология, бемориҳои дарунӣ, эндокринология, дерматовенерология ва бемориҳои сироятӣ, неврология ва психиатрия, педиатрия, оториноларингология ва офталмология, тибби оилавӣ, стоматология, фармакология ва фармасия, тибби профилактикӣ, фанҳои назариявии тиббӣ ва ғайритиббӣ, физиологияи муқаррарӣ ва инчунин бахши фанҳои гуманитарӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки ҳар яке аз ин бахшҳо масъалаҳои махсуси соҳавиро фаро гирифта, ба таҳкими донишу малакаи иштирокчиён мусоидат менамоянд, ҳамзамон дар доираи конференсия баргузории ду симпозиуми муҳими илмӣ пешбинӣ гардидааст, ки яке ба мавзуи масъалаҳои мубрам ва дурнамои рушди анестезиология ва реаниматология бахшида шуда, дигаре ба масъалаҳои муосири травматология ва ортопедия равона гардидааст, ки дар онҳо мутахассисон ва олимони соҳа масъалаҳои ташхис, табобат, технологияҳои нав ва роҳҳои такмили хизматрасонии тиббиро мавриди баррасӣ қарор дода, натиҷаҳои таҳқиқоти навтарин ва таҷрибаи пешқадамро муаррифӣ менамоянд, ки дар маҷмуъ ин ҳама ба рушди илм, таҳкими ҳамгироии байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳад кард.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


23.04.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php