23-ФЕВРАЛ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

 23-ФЕВРАЛ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Соли 1918 Артиши Сурх дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, соли 1922 ин рӯзро расман ҷашн мегирифтанд. Аз соли 1993 то ин ҷониб 23 феврал ҳамчун Рӯзи Артиши Милли Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин рӯз бо эҳтироми хизматчиёни ҳарбӣ қаҳрамонӣ ва мардонагии ҷавонон ва калонсолон бахшида шудааст. Он рамзи сулҳ, амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Таърихи 23 феврал ба солҳои Иттиҳоди Шуравӣ бармегардад. Пештар онро ҳамчун рӯзи Қаҳромонони Артиши Шӯравӣ таҷлил мекарданд. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон низ ин рӯзро ҳамчун рӯзи Артиши Миллӣ ва муҳофизони Ватан таҷлил менамояд.

          Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифатҳои волои роҳбарию раҳнамоӣ ба бунёди давлати неруманд, устуворона камар бастанд. Дар муддати хело кӯтоҳ заминаҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гузошта шуд ва пас аз ҳамагӣ 2 моҳи ба имзо расидан 23 феврали соли 1993 нахустин расми гузашти низомӣ дар майдони “Дустӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, аз таъсис ва ташкили Артиши милии Тоҷикистон башорат дод ва 23 феврал расман Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Қувваҳои Мусаллаҳи ё худ Артиши Миллӣ аз рукнҳои асосӣ ва пойдевори устувори ҳар як давлати соҳибистиқлол аст. Лекин дар Тоҷикистон ташкил додани артиш кори осон набуд, чунки дар ҷумҳурӣ барои он ҳеҷ гуна заминаи моддию техникӣ ва шумораи кофии кадрҳои миллии низомӣ вуҷуд надошт. Бо мурури замон ҷаноби олӣ бо ҳамма таҷҳизоти лозима таъмин карданд. Барои пурзӯр кардани Артиши миллӣ бисёри ҷавонони тоҷикро ба муассисаҳои олии ҳарбии Федератсияи Руссия фиристода буданд.

        23 феврал ҷашни ватандустӣ ва қадрдонии хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Он рамзи қаҳрамонӣ, ҳисси масъулияти ватандорӣ ваҳдати миллӣ аст. Ин рӯз ҷашнест, ки ба аҳмияти хизмат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар равона шудааст. Дар ин рӯз ҷавонон ва хизматчиёни ҳарбӣ қадрдонӣ мешаванд ва нерӯи мусаллаҳи давлат ва қаҳрамонон, рамзи ватандорӣ шумурда мешаванд.

Дар ин рӯз анъанаҳои зиёде риоя мегардад:

-Баргузори маросими тантанашавӣ дар шаҳру ноҳияҳо.

-Иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ

-Табрикот ба хизматчиёни артиш ва собиқадорони ҷанг.

-Ба хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳо супорида мешаванд.

Ин маросимҳо ҳисси фарҳанги ватандустӣ, масъулият ва эҳтироми хизматчиёнро тақвият медиҳад. Рӯзи 23 феврал на танҳо ба қадрдонии хизматчиёни артиш равона шудааст, балки ба рушди маънавии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ кӯмак мерасонад. Ин рӯз аҳамияти иҷтимоӣ дошта, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба хизматчиёни давлатро тақвият мебахшад.

 

 

Тавурова М.А -ассистенти кафедраи гистология


12.02.2026 11829

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php