17 СЕНТЯБР-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ БЕМОРОН

17 СЕНТЯБР-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ БЕМОРОН

Бехатарӣ ва ҳифзи саломатии ҳар як бемор-ҳадафи муштараки мост!

Ҳамасола 17 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии бехатарии беморон таҷлил мегардад. Ин сана аҳли ҷомеа ва кормандони соҳаи тандурустиро бори дигар ба яке аз принсипҳои муҳимтарини тибби муосир-таъмини кумаки босифат, саривақтӣ ва бехатари тиббӣ ба ҳар як бемор-ҷалб менамояд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи бехатарии беморон дар раванди такмили минбаъдаи низоми тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, таҳкими кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҳифзи саломатии модару кӯдак аҳаммияти махсус дорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии кишвар пайваста рушд ёфта, заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ такмил меёбад, усулҳои муосири ташхису табобат ҷорӣ гардида, ба омода намудани мутахассисони баландихтисос ва такмили донишу малакаи касбии кормандони соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Дар баробари васеъ гардидани имкониятҳои тибби муосир масъулияти кормандони тиб барои сифат ва бехатарии кумаки расонидашаванда низ бештар мегардад.

Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии Тоҷикистон ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад. Организми кӯдак вобаста ба синну сол дорои хусусиятҳои хоси анатомию физиологӣ буда, ҳангоми ташхис ва табобат муносибати махсус ва таваҷҷуҳи бештарро талаб менамояд.Таъмини бехатарии кӯдак аз лаҳзаҳои аввали ҳаёт оғоз меёбад. Арзёбии дурусти ҳолати навзод, нигоҳ доштани ҳарорати муътадили бадан, ташкили дурусти ғизодиҳӣ бо шири модар, пешгирии сироятҳо, инчунин сари вақт ошкор намудани ихтилоли нафаскашӣ, зардпарвин, гипогликемия ва дигар ҳолатҳои патологӣ барои ҳифзи ҳаёту саломатии навзод аҳаммияти калон доранд. Ҳангоми расонидани кумаки тиббӣ ба кӯдакони синну соли гуногун низ эҳтиёткорӣ ва масъулияти баланд зарур аст. Дар педиатрия миқдори аксари доруҳо бо назардошти синну сол ва вазни бадани кӯдак ҳисоб карда мешавад. Аз ин рӯ, дуруст ҳисоб намудани вояи дору, санҷидани ном ва консентратсияи он, муайян намудани мавҷудияти аксуламалҳои аллергӣ ва назорати ҳолати кӯдак дар ҷараёни табобат аз шартҳои асосии бехатарии табобат ба ҳисоб мераванд.

Мафҳуми муосири бехатарии беморон танҳо бо пешгирии хатогиҳои тиббӣ маҳдуд намегардад. Он маҷмӯи чорабиниҳоро дар бар мегирад: дуруст муайян намудани шахсияти бемор, ташхиси саривақтӣ, истифодаи бехатари маводи доруворӣ, пешгирии сироятҳои вобаста ба расонидани кумаки тиббӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ, бехатар гузаронидани амалиёти ташхисию табобатӣ ва ҳамкории самараноки ҳамаи аъзои гурӯҳи тиббӣ.

Барои муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули минбаъдаи фарҳанги бехатарии беморон аҳаммияти муҳим дорад. Ҳар як табиб ва корманди миёнаи тиб бояд дарк намояд, ки ҳатто амалҳои ҳаррӯза ва маъмулӣ диққати ҷиддиро талаб мекунанд.

Пеш аз гузаронидани муолиҷа ё амалиёти тиббӣ санҷидани ному насаби бемор, такроран назорат намудани вояи дору, риояи гигиенаи дастҳо, иҷрои талаботи асептика ва антисептика ва сари вақт муайян намудани нишонаҳои бадшавии ҳолати бемор амалҳои оддӣ ба назар мерасанд, вале маҳз ҳамин тадбирҳо метавонанд аз оризаҳои ҷиддӣ пешгирӣ намоянд.

Самти дигари муҳими таъмини бехатарӣ истифодаи оқилонаи антибиотикҳо мебошад. Истифодаи худсаронаи доруҳои зиддимикробӣ, бе тавсияи табиб қабул намудани онҳо, риоя накардани воя ва муҳлати муолиҷа метавонад ба ташаккули муқовимати микроорганизмҳо нисбат ба антибиотикҳо мусоидат намояд. Аз ин рӯ, истифодаи дурусти доруворӣ масъулияти муштараки кормандони тиб ва аҳолӣ мебошад.

Дар амалияи педиатрӣ бехатарии кӯдакро бе иштироки фаъоли оила таъмин намудан душвор аст. Волидайн бояд донанд, ки ба фарзанди онҳо кадом дору, бо кадом мақсад ва дар чӣ миқдор таъин шудааст. Онҳо бояд табибро дар бораи мавҷудияти аллергия, бемориҳои қаблан гузаронидашуда ва доруҳое, ки кӯдак қабул мекунад, огоҳ созанд.

Баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ низ яке аз роҳҳои муҳими пешгирии ҳолатҳои хатарнок мебошад. Волидайн бояд нишонаҳоеро донанд, ки ҳангоми пайдо шудани онҳо муроҷиати фаврӣ ба муассисаи тиббӣ зарур аст. Душвории нафаскашӣ, нафастангии шадид, ташаннуҷ, халалдоршавии ҳуш, беҳолии шадид, даст кашидан аз нӯшидан, нишонаҳои беобшавии вазнин ва дигар аломатҳои хавфнок набояд бе таваҷҷуҳ монанд.

Дар навбати худ, корманди тиб бояд ба бемор ва наздикони ӯ маълумоти заруриро бо забони фаҳмо пешниҳод намояд. Муносибати боэътимод миёни табиб, кӯдак ва оилаи ӯ қисми муҳими кумаки босифату бехатари тиббӣ мебошад.

Дар ташаккули фарҳанги бехатарии беморон муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ ва кафедраҳои клиникии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Донишҷӯи тиб бояд аз марҳилаҳои аввали таҳсил дарк намояд, ки касбияти табиб на танҳо бо ҳаҷми донишҳои назариявӣ, балки бо масъулият барои ҳар як қарори қабулшуда муайян мегардад.

Ҳангоми омода намудани табибони оянда ба ташаккули тафаккури клиникӣ, истифодаи оқилона ва бехатари доруворӣ, пешгирии хатогиҳои тиббӣ, риояи қоидаҳои назорати сироят, муоширати дуруст бо беморон ва наздикони онҳо, инчунин малакаи кор дар ҳайати гурӯҳи бисёрсоҳаи тиббӣ диққати махсус додан зарур аст.

Принсипи «Бехатарии бемор-пеш аз ҳама» бояд ба яке аз асосҳои тафаккур ва фаъолияти касбии ҳар як табиби оянда табдил ёбад.

Рӯзи умумиҷаҳонии бехатарии беморон танҳо як санаи тақвимӣ нест. Барои ҷомеаи тиббии Тоҷикистон он имконияти дигарест барои ҷалби таваҷҷуҳ ба сифати хизматрасонии тиббӣ, баррасии масъалаҳои мавҷуда ва муайян намудани роҳҳои минбаъдаи такмили кумаки тиббӣ.

Тибби муосирро бе фарҳанги бехатарӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таҷҳизоти замонавӣ, технологияҳои нав ва доруҳои самаранок имкониятҳои табибро васеъ менамоянд, аммо асоси кумаки босифати тиббӣ ҳамоно дониши мукаммал, масъулияти касбӣ, ҳушёрӣ, эҳтиёткорӣ ва муносибати инсонпарварона нисбат ба бемор боқӣ мемонад.

Ин принсипҳо дар педиатрия аҳаммияти боз ҳам бештар доранд, зеро ҳифзи саломатии кӯдак-ҳифзи ояндаи миллат ва давлат мебошад.

Бигзор 17 сентябр барои ҳар яки мо бори дигар хотиррасон намояд, ки бехатарии бемор аз масъулияти ҳаррӯзаи корманди тиб, ҳамкории бемор ва эътимоди мутақобила оғоз меёбад. Бо ҳифзи саломатии кӯдакон имрӯз мо барои ояндаи солиму устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон замина мегузорем.

Насридинова Н.Н .-ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1

ба номи проф. Аминов Ҳ.Ҷ                                   


15.09.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php