16 НОЯБР - РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: РӮЗИ РОҲБАРӢ, СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

16 НОЯБР - РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: РӮЗИ РОҲБАРӢ, СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Вақте ки дар бораи таърихи навини Тоҷикистон сухан меравад, бевосита симои марде пеши назар меояд, ки тақдири як миллатро дар лаҳзаҳои аз ҳама душвору ҳассоси таърихӣ ба даст гирифт. 16 ноябр дар тақвими кишвари мо на танҳо санаи тақвимӣ, балки рамзи хирад, шуҷоат ва наҷоти давлатдорӣ аст. Ин рӯз - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҳар сокини огоҳи ин сарзамин онро бо эҳсоси ифтихор ва шукргузорӣ ҷашн мегирад.

Ба ёд овардани рӯзҳои нахустини истиқлолият дили ҳар як инсони бетарафро ба дарди миллӣ мепечонад. Он солҳо Ватани азизи мо дар оташи ҷанги бародаркуш ва бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ сӯхта, хатари нест шудани давлати тоҷикон аз харитаи ҷаҳон воқеӣ гардида буд. Мардум дар тарсу номуайянӣ буданд ва ҳар рӯз хонадони тоҷик бо талафоте рӯбарӯ мешуд. Дар ҳамин давраи торик ва таҳлукаангез, ки касе ҷуръати масъулиятро ба дӯш гирифтан надошт, таърих шахсиятеро ба майдон овард, ки бо суханҳои нахустини худ - «Ман ба шумо сулҳ меорам!» -умеди хомӯшшудаи миллионҳо инсонро дубора фурӯзон кард.

Ин шахсият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, роҳбарии давлат ба зиммаи ин фарзанди бовафои миллат вогузор гардид. Ин масъулият на танҳо мансаб ё қудрат, балки бор бар дӯши кӯҳи гарон буд. Ӯ бо дили гарм ва иродаи пураҳангин ба тамоми минтақаҳои кишвар сафар кард, бо гурезагон рӯ ба рӯ шуд, бо модарони дилшикаста ҳарф зад ва тавонист забони муколама ва ҳамдигарфаҳмиро байни фарзандони гумроҳшудаи як миллат пайдо кунад.

Аз ин рӯ, вақте мо имрӯз дар фазои орому осуда зиндагӣ мекунем, ба кӯчаҳои обод мебароем, фарзандонамон ба мактаб мераванд ва кору фаъолият дорем, набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кунем, ки ин ҳама бо кадом нархи вазнин бадаст омадааст. Президенти мамлакат танҳо роҳбари сиёсӣ нест; Ӯ барои мо меъмори сулҳ, наҷотдиҳандаи миллат аз парокандагӣ ва бунёдкори Тоҷикистони навин аст.

Имрӯз Тоҷикистон бо номи Президенти худ дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Роҳбари давлати мо дар соҳаи об, иқлим ва мубориза бо чолишҳои муосир нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон бо вуҷуди хурд буданаш, овози баланд ва нақши созанда дар ҷаҳон дорад. Аммо аз ҳама муҳимтар барои ҳар як инсон ин фазои осоишта ва муҳити сулҳу амният аст, ки мо онро ҳар рӯз ҳис мекунем.

Рӯзи Президент ин фурсатест барои изҳори сипос. Сипос аз марде, ки ҷони худро ба хотири Ватан сипар кард ва то имрӯз содиқона, шабонарӯзӣ ва бо дилсӯзӣ ба халқу диёри худ хизмат мекунад. Бигзор сулҳу ваҳдат дар кишвари мо абадӣ бошад ва номи Президенти маҳбуби мо ҳамеша бо ифтихору сарбаландӣ ёд шавад!

Иргашева.Ҷ., номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи физиологияи нормалӣ


10.11.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php