1 ИЮН - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

1 ИЮН - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Кӯдакӣ давраи зеботарин, поктарин ва пурнури ҳаёти инсон аст. Кӯдак рамзи умед, идомаи ҳаёт, саодати оила ва ояндаи ҷомеа мебошад. Ҳар ҷомеае, ки ба тарбия, саломатӣ, таҳсил ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад, дар асл барои фардои худ заминаи устувор мегузорад. Аз ин рӯ, ҳамасола 1 июн ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо ҷашни шодиву хурсандии кӯдакон аст, балки пеш аз ҳама рӯзи ёдоварӣ аз масъулияти калонсолон дар назди насли наврас мебошад. Ҳифзи кӯдак маънои танҳо таъмини ӯ бо ғизо ва либосро надорад. Ин мафҳум хеле васеъ буда, нигоҳубини саломатӣ, таъмини муҳити бехатар, дастрасӣ ба таҳсил, тарбияи дуруст, муҳаббати падару модар, эҳтироми шахсияти кӯдак ва ҳимояи ӯ аз ҳар гуна зӯроварӣ, беэътиноӣ ва таъсири манфии иҷтимоиро дар бар мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва барномаҳои давлатӣ ба таъмини шароити мусоид барои инкишофи кӯдакон, ҳифзи саломатӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳо равона шудаанд. Хусусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тадбирҳои зиёде андешида мешаванд, то ҳар як кӯдак имкони солим ба воя расидан, дониш омӯхтан ва ҳамчун шахси комил ташаккул ёфтанро дошта бошад. Саломатии кӯдак асоси рушди солими ҷомеа мебошад. Кӯдаки солим на танҳо хушбахтии оила, балки сарвати миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, пешгирии бемориҳо, сари вақт гузаронидани эмгузаронӣ, назорати рушди ҷисмонӣ ва равонии кӯдак, ғизои дуруст, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва муроҷиати саривақтӣ ба табибон аҳамияти бузург доранд. Падару модарон бояд дарк намоянд, ки бисёр бемориҳои кӯдакона бо роҳи пешгирӣ, нигоҳубини дуруст ва назорати мунтазами тиббӣ кам карда мешаванд.

Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир ҳифзи кӯдакон аз таъсири муҳити носолим мебошад. Истифодаи аз ҳад зиёди телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, тамошои барномаҳои номуносиб, камҳаракатӣ, ғизои носолим ва набудани муоширати кофӣ бо падару модар метавонад ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии кӯдак таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, калонсолон вазифадоранд, ки барои кӯдакон муҳити ором, солим, меҳрубон ва тарбиявӣ фароҳам оваранд.

Тарбияи кӯдак аз оила оғоз меёбад. Муҳаббат, эҳтиром, гуфтори нек, муносибати самимӣ ва намунаи шахсии падару модар дар ташаккули шахсияти кӯдак нақши ҳалкунанда доранд. Кӯдак бояд эҳсос кунад, ки ӯ дӯст дошта мешавад, ба суханонаш гӯш медиҳанд ва ҳуқуқу эҳтиёҷоти ӯро эҳтиром мекунанд. Дар чунин муҳит кӯдак боэътимод, меҳрубон, фаъол ва масъулиятшинос ба воя мерасад.

Муассисаҳои таълимӣ низ дар ҳифз ва тарбияи кӯдакон нақши муҳим доранд. Мактаб ва кӯдакистон бояд на танҳо ҷойи таълим, балки муҳити амн, дӯстона ва тарбиявӣ бошанд. Омӯзгорон бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва муносибати одилона метавонанд дар қалби кӯдакон шавқи донишомӯзӣ, эҳтиром ба Ватан, одамон ва арзишҳои миллӣ инсониро бедор намоянд.

Ҳифзи кӯдакон вазифаи муқаддас ва масъулияти умумии мост. Мо бояд барои насли наврас чунин шароите фароҳам оварем, ки онҳо солим, донишманд, ватандӯст, меҳрубон ва соҳибмаърифат ба воя расанд. Зеро кӯдакони имрӯз - ояндаи миллат, идомадиҳандагони Ватан ва созандагони фардои дурахшони Тоҷикистон мебошанд. Бигзор ҳар як кӯдак дар фазои сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, саломатӣ ва хушбахтӣ ба воя расад. Ҳифзи кӯдак - ҳифзи ояндаи миллат аст.

 

    Маҳмудова М.М .-муаллими калони кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 ба номи Аминов Ҳ.Ҷ.


01.06.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php