САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: ИШОНҚУЛОВА БУСТОН АСТАНОВНА
(БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)
Саҳми олим дар тайёр кардани кадрҳои тиббӣ яке аз омилҳои асосии рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати табобат ва таъмини амнияти миллӣ ба шумор меравад. Олимони соҳаи тиб на танҳо тадқиқот мебаранд, балки насли нави табибон ва мутахассисони илмиро тарбия мекунад.
Ишонкулова Бустон Астановна аз ҷумлаи олимони варзидаи соҳаи фармакологияи тоҷик мебошанд, ки фаъолияти илмӣ, омузгорӣ ва роҳбарии худро беш аз панҷ даҳсола ба рушди илми фармакология ва омода намудани кадрҳои баландихтисос бахшидааст.
Ишонкулова Бустон Астановна 6 сентябри соли 1948 дар ш. Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Шавқу завқи табиб шудан дар дили Бустони наврас ҳанӯз дар давраи мактабхонӣ ҷо гирифта буд ва то ҳол дар ёд дорад, ки ба одамони хилъати сафедпӯш он солҳо чи гуна бо меҳру муҳаббати беандоза назар мекард ва оқибат ин ӯро ба даргоҳи ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино оварду, баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ донишҷӯи ин даргоҳи олӣ гардонид. Бустон аз рӯзҳои аввал чун донишҷӯи соҳибистеъдод ва пурғайрат чӣ дар байни устодон ва чӣ дар байни ҳамсабақаҳо ном баровард. Бисёр мехост, ки донишгохро хатм карда, ҳамчун табиб ба хизмати халқу Ватан пардозад.
Соли 1972 факултаи муолиҷавии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм карда, дар кафедраи фармакология ординатураро гузашт. Аз рузҳои аввали фаъолияташ Бустон Астановна бо маҳорати баланд асосҳои ҷараёни педагогӣ ва илмиро аз худ мекард. Баъди хатми ординатура соли 1974 таҳсили худро дар аспирантураи кафедраи номбурда идома дод.
Ӯ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ дар кафедра суботкорона асосхои маҳорати педагогиро аз профессор Г.Л. Медник омӯхтааст. Дар он солҳо самти асосии илмии кафедраи фармакология ба омӯзиши таҷрибавии хосиятҳои зидди илтиҳобии маводҳои доругӣ бахшида шуда буд. Табиист, ки дар ин муҳити эҷодӣ Б.А. Ишонқулова ғайр аз фаъолияти педагогӣ ба кори илмӣ машғул шуд. Дар корҳои илмии кафедра иштирок намуда, Б.А. Ишонқулова тадриҷан ба офаридани моделҳои оддии протсесси илтиҳобии ҳайвоноти таҷрибавӣ шуруъ намуд. Профессор Г.Л. Медник дар гузаронидани таҷрибаҳо кӯшишу ғайрати Бустон Астановнаро дида, ба ӯ мавзӯи мураккаб ва хеле ҷолиб - омӯзиши муқоисавии хосиятҳои зидди илтиҳобии доруҳои стероидӣ (кортизон) ва ғайристероидӣ (ибупрофен) тавассути роҳҳои гуногуни истеъмол (ба дарун, ба дохили мушакҳо, бо роҳи имплантатсияи пӯст) ҳангоми артрити адъювантӣ (ёрирасон) пешниҳод намуд. Соли 1982 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Назаррасии таъсири кортизон ва бруфен ҳангоми роҳҳои гуногуни воридкунӣ ба равиши артрити адювантӣ” дар ш. Тошканд ҳимоя намудааст.
Соли 1979 Ишонқулова Б.А. ба вазифаи асситенти кафедраи фармакология интихоб гардид. Барои баланд бардоштани тахассуси педагогии худ дар кафедраи фармакологияи Академияи тиббии Москва ба номи И.М. Сеченов курси бозомӯзиро зери роҳбарии академик Д.А.Харкевич гузаштааст. Ишонқулова Б.А. соли 1991 ба вазифаи дотсент интихоб гардид. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.А. Ишонқулова фаъолияти илмии худро ба омӯхтани гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, ки хосиятҳои зидди диабетӣ доранд, оғоз намуд. Барои интихоби растаниҳои самараноки қандпасткунанда, ӯ зиёда аз 50 объектро аз назар гузаронд. Худи ҳамон сол мавзӯи рисолаи доктории ӯ «Фармакологияи баъзе гиёҳҳои шифобахши гипогликемикии Тоҷикистон ва коркарди доруҳои зидди диабетӣ дар асоси онҳо» тасдиқ карда шуд.
Вобаста ба ин мавзӯъ тадқиқоти фармакологии решаи анҷибари даштӣ, барги ангури парваришшуда ва меваи софораи ҷопонӣ гузаронида шуд. Муқаррар карда шудааст, ки шаклхои оддии ин растаниҳои шифобахши Тоҷикистон захираи хеле калон доранд, дар баробари таъсири намоёни қандпасткунанда, таъсири хеле назарраси гиполипидемикӣ доранд, таносуби липопротеинҳоро дар модели таҷрибавии диабети қанди аллоксанӣ барқарор мекунанд. Дар баробари ин нишон дода шуд, ки гиёххои шифобахши тадкикшуда таъсири гипокоагулянтӣ, мустаҳкамкунии девораи муйрагҳо ва гепатопротекторӣ доранд. Ишонқулова Б.А. дар омӯзиши растаниҳои шифобахши Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.
Соли 1999 рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Фармакологияи якчанд гиёҳҳои қандпасткунандаи Тоҷикистон ва ҷамъҳои зидди диабетӣ дар асоси онҳо” ҳимоя намуд. Дар соли 2001 сазовори унвони профессори кафедраи фармакологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид.
Таҳти роҳбарии профессор Ишонқулова Б.А. омузгорони кафедра таҳқиқотҳои илмиро оид ба омузиши хосиятҳои фармакологии растаниҳои Тоҷикистон давом доданд, дар натиҷа 6 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд, Айни замон 3 нафари дигар фаъолияти илмиро ба итмом расонида истодаанд.
Аз соли 1995 то соли 2016 Ишонқулова Б.А. дар вазифаи мудири кафедраи фармакологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият намудааст. Таи солҳои фаъолияти меҳнатиаш дар донишгоҳи тиббӣ Ишонқулова Б.А. ҳамчун олим ва педагоги сермаҳсулу пуркор дар рушду нумӯи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти кафедра саҳми худро гузоштааст. Ӯ мураббӣ ва тарбиятгари хуби донишҷӯён мебошад, ки фаъолияти педагогии худро ба ҷабҳаи илмии назаррасро соҳиб гардидааст.
Соли 2000 Ишонқулова Б.А. ба вазифаи ноиби ректор оид ба корҳои таълимии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино таъин шуда, дар ин вазифа то соли 2005 фаъолият намудааст. Дар тӯли ин солҳо ӯ “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтии ҶТ”-ро дар амал фаъолона татбиқ намудааст. Оид ба ин масъала дар семинарҳои байналмилалӣ дар Русия (Дубна, 2003) ва дар ИМА (Флорида, Тампа, 2004) иштирок кардааст. Бо мақсади мутобиқсозии барномаҳои таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар донишгоҳҳои тиббии кишварҳои Осиёи Марказӣ Шӯрои ректорони Осиёи Марказӣ (ШРОМ)-и донишгоҳҳои тиббӣ таъсис дода мешавад. Дар ҷаласаҳои ин Шӯро, ки дар шаҳрҳои гуногун (Алма-Ато, Тошканд, Бишкек, Душанбе) баргузор гардида буд, Б.А.Ишонқулова фаъолона иштирок намуд.
Профессор Ишонқулова Б.А. муаллифи китоби дарсӣ аз фанни “Фармакология” ба забони давлатӣ, “Курси лексияҳо аз фармакологияи клиникӣ ва фармакотерапия” (ба забони давлатӣ ва русӣ), монография ва зиёда аз 40 дастурҳои таълимӣ-методӣ мебошад. Дар фаъолияти кориаш зиёда аз 350 таълифоти илмиро дар маҷаллаҳои илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ ва дигар мамлакатҳо чоп намудааст.
Дар ин равия ӯ бо шогирдонаш соҳиби якчанд Патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Юнибет”, “Ғӯра-об”, “Маранкхуч”, “Балзами муолиҷавӣ”, “Чордору”, “Тобон”) ва 2 шаҳодатномаи навоварӣ мебошад. Таҳти роҳбарии профессор Ишонқулова Б.А. омӯзгорони кафедраи фармакология ва донишҷӯёни ДДТТ бо ин дастовардҳои илмӣ дар озмунҳои Ҷумҳуриявӣ соли 2010, ки “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” буд, соли 2011 озмуни зеҳни “Созандагони фардо” байни ихтироъкорони ҷавонони ш. Душанбе бахшида ба 20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, бо Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҶТ, Вазорати тандурустии ҶТ, Раёсати ҷавонон ва варзиш мукофотонида шуд.
Бустон Астановна Ишонқулова аъзои академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ борҳо дар кори Конгресси умумииттифоқии фармакологҳо ва форуми байналхалқии «Человек и лекарство» дар ш.Москва иштирок кардааст.
Соли 1998 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ бо нишони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, соли 2003 бо медали 10 – солагии Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2009 бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” сарфароз гардидааст. Соли 2011 бо мукофоти давлатии медали “Шафқат” сарфароз шуд.
Ишонқулова Б.А., бо софдилӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносиву меҳрубонӣ, фазилат ва ҳақиқатҷӯйӣ дар байни кормандони донишгоҳ сазовори эҳтирому эътибор гаштааст.