“Ҳаёт- маҷмӯи як қатор реаксияҳои химиявӣ аст”
Бо қарори Президиуми Совети Олии СССР аз 1-октябри соли 1980 ҳамасола якшанбеи охири моҳи май ҳамчун рӯзи химикон таҷлил карда мешавад. Баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам ин анъана то имрӯз боқӣ мондааст. Ин ҷашн, ки онро 46 сол боз қайд мекунанд ҷашнест, ки хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо донишҷуёни факултети химия, омӯзгорон, олимони соҳаи химия, кормандони саноати химия ва умуман кулли дӯстдорони фанни химияро муттаҳид мегардонад. Ин ҷашн барои Тоҷикистони азизи мо низ муқаддас аст, чунки дар инкишофи илми химия роли муттафакирони тоҷик хеле назаррас аст. Яке аз хизматҳои асосии Абуалӣ ибни Сино дар илми химия ин истифодаи моддаҳои химиявӣ дар тайёр намудани маводи доруворӣ мебошад. А.И. Сино ба химия аз мавқеи тиб наздик шудааст. Вайро кашшофи карболен (хосияти адсорбсионии ангишт) ҳисоб кардан мумкин аст, зеро ӯ дар асарҳояш хосияти ҷаббандагӣ доштани ангишти чӯбро нишон дода буд.
Умуман химия илми қадима буда ва дар айни замон хеле чавон аст. Одам аз замонҳои қадим дар чармгарӣ, рангубори газвор, истеҳсоли шиша ва ғайра аз химия истифода мебурд. Дар байни ҳамаи фанҳои дақиқ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзонида мешаванд ягона фанне, ки номаш аз забони тоҷикӣ гирифта шуда аст ин химия мебошад. Яъне кимиё (ҷӯстуҷӯ ё кофтукоб). Хусусан дар асри бистум химия ҳамчун илм бо суръати баланд тараққӣ кард ва имрӯз вай дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ роҳ ёфтааст. Химия дар соҳаи тандурустӣ ҳам сол аз сол мавқеи муҳимтарро ишғол мекунад. Ҳоло бисёр доруҳои шифобахшро саноати химия мебарорад. Чуноне ки нависандаи бузурги рус Максим Горкий гуфтааст» Химия барои инсоният табиати дуюмро офарид».
Ҳамаи он маводҳое, ки дар табиат вуҷуд надоранд химия онҳоро бо роҳҳои сунъӣ ва синтезӣ ҳосил карда пешкаши инсоният гардонидааст. Мо дар хаёти худ бо маводҳои доруворӣ, иловаҳои ғизоӣ ва молҳои хизмати маишӣ (маводи шӯянда, маводи мубориза ба муқобили ҳашаротҳо ва ғайра) сару кор дорем. Новобаста аз он ки ин ашёҳо ба талаботи рузмарраи мо табдил ёфтаанд, хангоми истифода аз онхо бисёр эхтиёт шудан лозим аст, зеро ҳатто моддаи химиявии муфид дар натиҷаи истифодаи нодуруст ба саломатии инсон зарар оварданаш мумкин аст. Масалан то вақтҳои охир аналгин чун доруи дардпасткунандае, ки ба тавсияи духтур эхтиёҷ надошт, мавриди истифода буд. Вале дар даҳсолаи охир чунин таъсирҳои манфии аналгин ба организм ба монанди пахш намудани тавлиди хун, вайрон шудани функсияҳои гурда ва ҷигар ошкор карда шуданд. Ҳангоми қабули беназорати аналгин бавуҷудоии аксуламали аллергӣ, аз он ҷумла бо натиҷаи марговар ба мушоҳида расидааст. Аз ҳамин сабаб аналгинро дар зери назорати духтурон қабул кардан лозим аст. Паратсетамол ба сифати доруи ҳарорат ва дардпасткунанда васеъ истифода бурда мешавад. Вале бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки онро ба кудакони то 6 сола ва ба беморони гурдаашон касал тавсия додан мумкин нест. Гуруҳи дорувориҳои дигар, ки бисёр маъмул гардидаанд, антибиотикҳо мебошанд. Онхо фаъолияти микроорганизмҳоро пахш мекунанд. Антибиотики аввалинро олимони англис Х.Флор ва Ч.Чейн дар соли 1940 аз маҳсули фаъолияти ҳаётии як намуди занбуруғи сабзи Флеминг ҳосил карда буданд. Азбаски микроорганизмҳо ба таъсири антибиотикҳо тез тобовар мешаванд, бинобар ин зарурати пайдо намудани антибиотикҳои нав вазифаи муҳим гардид.
Айни замон антибиотикҳои насли чорум ва панҷум истифода бурда мешаванд. Дар замони ҳозира аз антибиотикҳои насли якум (бензилпенитсиллин, стрептомитсин, тетрасиклин, левомитсетин) истифода бурдан ба мақсад мувофиқ нест. Полимерҳои синтетикӣ дар замони ҳозира барои тайёр кардани асбобу анҷоми тиббӣ, барои нигохдории доруҳо ва ғайра васеъ истифода бурда мешаванд. Хусусан истифодаи онҳо дар кори ҷарроҳӣ ғалабаи нави инсон ба табиат аст. Пардаҳои полимерӣ пардаи зарардидаи гӯш, сурхруда, зуҷоҷияи чашм ва ғайраро иваз мекунад, аз онҳо инчунин дандонҳои сунъӣ месозанд.
Ҳоло аз полимерҳо «дили сунъӣ», «гурдаи сунъӣ», «шуши сунъӣ», «хуни сунъӣ» хосил карда имконият пайдо шудааст, ки ҷои буридаи бофтаҳои зиндаро надухта балки ба ҳам часпонанд. Химикони чопон ширеше ихтироъ кардаанд, ки барои часпондани узвҳои дарунӣ истифода бурда мешаванд. Ин ширеш барои часпонидани устухони шикаста воситаи хуб аст. Умуман соҳаҳои истифодаи полимерҳо дар тиб хеле зиёданд. Ба ҳама маълум аст, ки чарми табиӣ асосан аз пусти ҳайвонот тайёр карда мешавад. Азбаски вай ковок ва мулоим аст аз он пойафзол тайёр мекунанд. Пойафзоле, ки аз пусти табиӣ духта мешаванд, чандиру қайиш буда то панҷ миллион чин доранд. Аз ҳамин сабаб қатъ шавад ҳам намешиканад. Аммо пӯсти табиӣ камбудӣ низ дорад масалан вай намиро ба худ мекашад ва мепӯсад. Ғайр аз ин барои ба даст овардани он чорвои зиёд талаф меёбад. Ҳоло саноати химия истеҳсоли навъҳои гуногуни чарми сунъиро ба роҳ мондааст. Академик Ферсман А.Е. навишта буд» Мову Шумо дар замони комёбиҳои бузурги химия зиндагӣ мекунем… Илм, истехсолот ва рузгори мардуми ҷаҳон бо химия пурра омезиш ёфта истодааст. Вай ба майдатарин ҷузъҳои зиндагии мо, ба мураккабтарин ҷараёнҳои саноат роҳ меёбад».
Дар солхои охир як теъдод моддаҳои химиявӣ ба сифати иловаҳои ғизоӣ истифода бурда мешаванд, ки онҳо маза ва ранги ғизоро беҳтар ва муҳлати истифодаи онро дарозтар мекунанд. Имрӯз бозори ватанӣ бо маҳсулоти ғизоии хориҷӣ пур карда шудааст. Ин маводҳои ғизоӣ дорои иловаҳои ғизоии гуногун мебошанд, ки на ҳамаи онҳо дорои сифатҳои зарурӣ ва безараранд. Имрузҳо дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ, кишоварзӣ ва маишии инсон ифлосшавии муҳити зист ба вуҷуд омада истодааст. Химикон дар тадқиқи таъсири зараровари ин омилҳо ба табиат, инчунин барои кам шудани ифлосшавии атмосфера, тоза намудани дудҳои хориҷшаванда, пешгирии ифлосшавии антропогенӣ тадқиқотҳо бурда истодаанд, ки ҳамаи он боиси беҳ гаштани саломатӣ ва дарозумрии инсоният мегардад.
Бояд қайд кард, ки дар МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” се кафедраи химия (фарматсевтӣ, биохимия, химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ) амал мекунад, ки бо ташаббуси бевоситаи ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ бо озмоигоҳҳои (лабораторияҳои) муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизотҳо ва лавозимотҳои химиявӣ таъмин карда шудаанд, ки ин имкон медиҳад то донишҷуён назарияро дар амалия татбиқ намуда дар оянда мутахассиси хуби соҳаи тандурустӣ гарданд. Чуноне, ки мутафаккири бузурги форсу тоҷик Ҷобир ибни Хайён гуфта буд “Агар ту хоҳӣ кимиёгариро аз худ намоӣ, бояд корҳои таҷрибавиро бештар гузаронӣ”
Ҳамкасбон , шогирдон ва мухлисони фанни химия Иди касбиатон муборак.
Қиматзода Р.-мудири кафедраи химияи био-
органикӣ ва физколлоидӣ