АТТЕСТАТСИЯҲОИ ФОСИЛАВИИ ОРДИНАТОРОНИ КЛИНИКӢ ДАР ШАРОИТИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ СИМУЛЯТСИОНӢ

  АТТЕСТАТСИЯҲОИ ФОСИЛАВИИ ОРДИНАТОРОНИ КЛИНИКӢ ДАР ШАРОИТИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ СИМУЛЯТСИОНӢ

Аз 22 то 26 июни соли 2026 дар Маркази омӯзиши симулятсионии Донишгоҳ аттестатсияи фосилавии ординаторони клиникӣ (имтиҳон аз рӯйи малакаҳои амалии касбӣ) барои семестри баҳории соли таҳсили 2025–2026 баргузор гардид.

Дар аттестатсия ординаторони клиникӣ ва омӯзгорони кафедраҳои дахлдор аз рӯйи ихтисосҳои акушерӣ ва гинекология, анестезиология ва реаниматология, асабшиносӣ ва психиатрия, бемориҳои дарунӣ ва кардиология, бемориҳои кӯдакона ва неонатология, дерматовенерология, онкология, оториноларингология, офталмология, стоматологияи ортопедӣ, стоматологияи муолиҷавӣ, стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия, ташхиси клиникию озмоишгоҳӣ, тибби оилавӣ, тибби судӣ, травматология ва ортопедия, урология, трансплантология, ҷарроҳӣ, ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва эндокринология иштирок намуданд.

Аттестатсияи фосилавӣ дар як марҳила гузаронида шуда, ҳар як ординатор тариқи интихоб билетеро бо чор савол дарёфт менамуд. Аз ин шумора ду савол назариявӣ ва ду савол амалӣ буданд. Барои ҳар як саволи назариявӣ аз 0 то 30 хол ва барои ҳар як саволи амалӣ аз 0 то 20 хол муқаррар гардида, дар маҷмӯъ иштирокчиён метавонистанд то 100 хол ба даст оранд. Натиҷаҳои баҳогузорӣ тибқи низоми 100-холӣ ба низоми анъанавии 5-холӣ мутобиқ гардонида шуданд.

Дар маҷмӯъ зиёда аз 1550 нафар ординаторони клиникӣ аз аттестатсияи фосилавӣ гузаштанд. Раванди баргузории аттестатсия таҳти назорати директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ, номзади илмҳои тиб, дотсент Қобилзода Қ.Қ. ва кормандони марказ қарор дошт.

Баргузории чунин аттестатсияҳо барои такмили донишҳои назариявӣ ва таҳкими малакаҳои амалии ординаторони клиникӣ, инчунин баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ аҳамияти муҳим дорад.

 

 

 

Усмонов Ҷ.Н.-Директори Маркази омӯзиши

симулятсионӣ    


29.06.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php