Ҷамбасти аввалин мактаби байналмилалии зимистонаи тиббӣ «Ҳолати функсионалӣ ва имкониятҳои танзимкунандагӣ- мутобиқшавии организми инсон»

 Ҷамбасти аввалин мактаби байналмилалии зимистонаи тиббӣ  «Ҳолати функсионалӣ ва имкониятҳои танзимкунандагӣ- мутобиқшавии организми инсон»

Аз 12 то 15-уми январи соли 2021 аввалин мактаби байналмилалии зимистонаи тиббӣ  «Ҳолати функсионалӣ ва имкониятҳои танзимкунандагӣ- мутобиқшавии организми инсон»,  дар якҷоягӣ бо  Академияи давлатии тиббии Ижевски Вазорати тандурустии Федератсияи Россия реҷаи онлайн баргузор шуда буд, ки дар он кормандон ва донишҷӯёни кафедраҳои физиологияи нормалӣ, физиологияи патологӣ ва офталмологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» иштирок намуданд.

Дар тамоми давраи баргузории мактаби зимистонӣ  тавонистем, ки ба мақсадҳои худ муваффақ шавем, дониши иштирокчиёнро  дар соҳаи физиология баланд бардорем ва малакаҳои амалиро оид ба имкониятҳои мутобиқшавии донишҷӯёни соҳаи тиб ба даст оварем.

Дар хатми мактаби зимистонӣ ректори АДТИ, д.и.т., профессор Шкляев А.Е. ва проректори МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба илм ва нашрия д.и.т., профессор Муҳаббатов Ҷ. Қ. суханронӣ намуданд. Дар охир ба иштирокчиён дар фазои тантанавӣ сертификат супорида шуд. 



10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
15.01.2021 529

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php