Ҷаласа ва мизи мудавар дар МТИК Стоматология


Ҷаласа ва мизи мудавар дар МТИК Стоматология
Дар Маркази таълимӣ илмӣ- клиникии “Стоматология”-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи кормандон бахшида ба ҷашни 5500- солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо иштироки директори МТИК Стоматология Одинаев И.С., сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Таибов С.А., мудирони кафедраҳо, орденаторони клиникӣ ва табиб интернаҳо баргузор гардид. Сардори шуъбаи итилоот дар бораи аҳамияти таърихӣ доштани чунин ёдгориҳо барои миллати мо ва таърихи Саразм баромад намуд. Мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ н.и.т дотсент Зарипов А.Р. суханронӣ намуда, роҷеъ ба моҳияти таърихию фарҳангии Саразми бостонӣ маълумот дод. Мудири кафераи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т дотсент Тохтаходжаева С.Т дар бораи корнамоиҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барпо намудани давлати Тоҷикон суханронӣ намуд. Боиси ифтихор аст, ки созмонҳои бонуфузи дунё ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфтанд ва Саразмро ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид намуданд, таъкид гардид дар ҷаласа. Инчунин дар кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ мизи мудаввар дар бораи ҷангирии 5500- солагии шаҳри Саразми бостонӣ ва Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як ҳуҷҷати муҳиме, ки дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян месозад, боиси дастгирӣ ва омғзиши пайвастаи ҷомеаи кишвар қарор гирифтааст баргузор гардид. Ҳар кадом аз бандҳои ин паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳими мамлакат, монанди илм, маорифу тандурустӣ низ равона карда шудааст. 
Шуъбаи иттилоот ва нашрия


Ҷаласа ва мизи мудавар дар МТИК Стоматология
Ҷаласа ва мизи мудавар дар МТИК Стоматология
Ҷаласа ва мизи мудавар дар МТИК Стоматология
Ҷаласа ва мизи мудавар дар МТИК Стоматология
Ҷаласа ва мизи мудавар дар МТИК Стоматология
Ҷаласа ва мизи мудавар дар МТИК Стоматология
03.01.2020 844

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php