Таъсирҳои шифобахши испанд


Таъсирҳои шифобахши испанд
Таъсирҳои шифобахши испанд (Peganum harmala, гармала, испанд, сипанд, хазориспанд, хазораспбанд, исрик, адраспан, белобок, бибик, гармань, дикая рута, степная рута,) ҳанӯз ба олимони давраи асрҳои миёна маълум буд. Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар асари худ «Ал-Қонун фит-тиб» қайд карда буд, ки испанд ҳангоми дарди буғумҳо ва илтиҳоби асаби тиҳигоҳ, бемориҳои испурч, манъшавии пешоб ва вайроншавии ҳайз таъсирбахш аст. Ба ғайр аз ин дар китоби «Алвоҳия» низ Абӯалӣ ибни Сино оиди самарабахш будани испанд ҳангоми бемориҳои рӯдаҳо, бавосир (геморой) ва таъсири танзимкунии он ба фаъолияти бачадон маълумот додааст. Қайд кардан лозим аст, ки чунин таъсирҳои фармакологии испанд аз таркиби химиявиаш вобаста аст, ки он аз тарафи олимони Тоҷикистон таҳти роҳбарии академик П. Н. Овчинников омӯхта шудааст. Дар испанд чунин моддаҳои фаъоли биологӣ ба монанди алкалоидҳои пеганин, пеганол, гармин, гармалин, гликозидҳои флаваноидӣ, кислотаҳои органикӣ, микроэлементҳои мис, манган, хром, никел, алюминий, сурб мавҷуданд. Ҳар яке аз ин моддаҳои фаъол таъсирҳои ба худ хос доранд, аз он ҷумла таъсирҳои оромбахш, зиддиилтиҳобӣ, қандпасткунӣ, рагвасеъкунӣ, гипотермӣ, зиддигиҷҷагӣ, антисептикӣ, арақбарорӣ ва пешобронӣ. Дар Тоҷикистон бо дуди испанди муқаррарӣ бемороне, ки фалаҷ ва ё нимфалаҷанд табобат карда, ҳамчун маводи оромбахш истифода мебурданд. Дуди испанд таъсири антисептикӣ дорад. Испанд ҳамчун маводи шифобахш дар тибби халқии минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Қафкоз, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон хеле васеъ истифода бурда мешавад. Онро ҳангоми тарбод (ревматизм), муолиҷаи бемориҳои пӯст, марҳалаи аввали катаракта, дарди буғумҳо ва ҳамчун маводи пешоброн ва арақҷудокунанда истифода мебаранд. Дар дорухонаҳо испандро дар шакли хушки пресскардашуда, ки дар саноати фармасевтӣ тайёр карда мешавад, вохӯрдан мумкин аст. Онро дуд карда, ҳамчун антисептик ва маводи оромбахш бо роҳи нафас истифода мебаранд. Солҳои охир дар сарчашмаҳои адабӣ маълумотҳо оиди истифодаи испанд дар тибби халқӣ ҳангоми вайроншавии мубодилаи чарбҳо, фишорбаландӣ, баландшавии сатҳи қанд дар хун ва дигар ҳолатҳо гирд оварда шудаанд. 
 Кафедраи фармакологияи МДТ « ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино»


27.12.2019 2833

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php