Ду давраи имтиҳони хатми давлатӣ гузаронида шуд
Рӯзи 23 декабри соли 2019 дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ пай дар пай якум давраи имтиҳони хатми давлатӣ (малакаҳои амалии касбӣ) ва дуюм давраи имтиҳони хатми давлатӣ (шифоҳӣ аз ихтисос) ба-рои ординаторони клиникӣ баргузор гардид. Ординаторҳои чунин ка-федраҳо аз имтиҳон гузаштанд: 1 нафар аз кафедраи акушерӣ ва гинекология №1, 3 нафар аз кафедраҳои ихтисоси бемориҳои дарунӣ (кардиология), 1 нафар аз кафедраи бемориҳои кӯдакона №1, 1 нафар аз кафедраи неврология, 1 нафар аз кафедраи онкология, 1 нафар аз кафедраи офталмология, 2 нафар аз кафедраи травматология, 4 нафар аз кафедраҳои ихтисоси ҷарроҳӣ, 1 нафар аз кафедраи эндокринология. Ҳамагӣ 16 нафар ординатори клиникӣ дар имтиҳон иштирок доштанд. Барои ҳар як муҳассилин дар марҳилаи якум билет бо чор намуди малакаҳои амалӣ ва дар марҳилаи дуюм билет бо се саволи назариявӣ аз ихтисос ва як масъала мавқеӣ (ситуатсионӣ) пешниҳод карда шуданд. Дар марҳилаи якум барои ҳар як малака муҳассилин метавонистанд то 5 хол гиранд, дар ҷамъ – то 20 хол. Дар марҳилаи дуюм ҳар як малака ордина-торони клиникӣ метавонистанд то 10 хол гиранд, дар ҷамъ – то 40 хол. Дар умум дар давоми ду марҳилаи имтиҳони хатми давлатӣ ординаторо-ни клиникӣ то 60 хол гирифта метавонистанд. Ҳамаи ҳозиршудагон аз ин озмун бо муваффақият гузаштанд. Муо-вини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К. ва кормандони Маркази баъдидипломии донишгоҳ аз рафти имтиҳон назорат мекарданд, ҷарроҳӣ бо истифодаи асбобҳои микроҷарроҳӣ гузаронида шуданд.
Директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ н.и.т. Усмонов Ҷ.Н.
26.12.2019
604