Дарси кушоди устодони варзидаи кишварҳои хориҷа
Санаи 25 то 29 ноябр бахшида ба 80-солагии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз рӯи сафарбаркунии академӣ, кафедраи физиологияи нормалӣ барои донишҷӯён ва устодон лексияҳои мутахассисони пешбари соҳаи физиологияи нормалиро ташкил намуд. Бо лексияҳое, ки аз барномаи таълимӣ берунанд: "Ташкили системавии эҳсосот", "Психофизиологияи муҳаббат", "Шинохти фаъолияти рӯҳии майна" ва "Системаҳои функсионалии бадан дар тиб", ходими асосии илмии Пажӯҳишгоҳи физиологияи нормалӣ ба номи П.К. Анохин ", д.и.т., профессор Юматов Евгений Антонович; мудири кафедраи физиологияи нормалӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Воронеж ба номи Н.Н. Бурденко дар мавзӯи «Хосияти хун ва ҳуҷайраҳои хун » ва «Системаи лахташавии хун ва гурӯҳҳои хун» лексияҳо хонданд ва инчунин директори Маркази табобати мануалӣ дар ш. Бухоро Кароматов Ином дар мавзӯи «Табобати мануалӣ дар тиб» лексия хонд ва дарси мастер-класс баргузор намуд. Меҳмонон дар ҷаласаи навбатии ҶИД фаъолона иштирок карданд.
Меҳмонон инчунин дар Конференсияи 67-умин байналмилалии илмӣ-амалии ДДТТ «Илмҳои тиббии асри XXI - назар ба оянда » фаъолона ширкат варзиданд ва маърӯзаҳои зеринро: «Тибби иттилоотӣ - Афзалияти русҳо» (Юматов Е.А.) ва «Проблемаҳои ташаккули фонди воситаҳои арзёбӣ дар системаи таҳсилоти олии тиббӣ дар кафедраи физиологияи нормалӣ» (Е.В. Дорохов) муаррифӣ карданд. Кафедраи физиологияи нормалӣ дар якҷоягӣ бо меҳмонон нақшаи ҳамкориҳои минбаъдаи илмиро пешниҳод намуд.
Кафедраи физиологияи нормалӣ