Баробарҳуқуқӣ ҳифз мешавад


Баробарҳуқуқӣ ҳифз мешавад
Ҳамасола дар тамоми дунё санаи 3 декабр Рӯзи Байналмиллаии маъюбон (шахсони имкониятҳояшон маҳдуд) қайд карда мешавад. Ин рӯзро соли 1992 аз ҷониби Асамблеяи Генералии Миллали Муттаҳид санаи 14 октябр эълон гардидааст.
Шумораи маъюбон ё худ шахсони имкониятҳояшон маҳдуд зиёда аз як миллиардро ташкил медиҳанд, ки ин 15 фоизи аҳолии рӯи дунёро ташкил медиҳад. Шахсони имкониятҳояшон маҳдуд груҳи одамоне мебошанд, ки аз ҷониби комиссияҳои махсуси тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба қайд гирифта мешаванд ва доимо зери назорати мутахасисон мебошанд.
Маъюбӣ дар тамоми олам мавҷуд аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно намебошад. Дар байни маъюбон шахсони имкониятҳояшон маҳдуди модарзодӣ низ кам нестанд. Мутахасисони соҳаи тиб дар он ақидаанд ки дар дунё ба даҳ нафар маъюб як кӯдак рост меояд. аксарияти маъюбиҳои кӯдаконро ба никоҳи хешу таборӣ вобаста медонанд.
Дар Тоҷикистон гарчанде Рӯзи маъюбон санаи 8 июл ҷашн гирифта мешавад, дар ҳамраъӣ бо тамоми мардуми дунё имрӯз – санаи 3 декабр Рӯзи байналмиллаии маъюбонро таҷлил мегардад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти олии қонунгузор ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидан ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул карда шудааст. Дар айни замон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд», «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.
Санаи 3 декабри соли 2019 дар толори лексионии №2 бинои таълимии «Шаҳраки Шифобахш» муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., бо донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ ва устодону профессорони кафедраҳои физикаи тиббию биологӣ бо асосҳои информатика ва биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика дар мавзӯи Рӯзи Байналмиллалии маъюбон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Муаллима дар вохӯрӣ оиди таърихи ин рӯз маълумоти мухтасар дода, ба донишҷӯён аз баробарҳуқуқии шахсони имкониятҳояшон маҳдуд сухан ронда, таъкид доштанд, ки онҳо низ ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ниёз доранд, узви баробарҳуқуқи ҷомеъа мебошанд. Дар тамоми дунё ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад, ҳатто барои чунин гуруҳи одамони имкониятҳояшон маҳдуд дастаҳои варзишгарони параолимпӣ ташкил карда шудааст ва онҳо нишондиҳандаҳои хубро сазовор мегарданд. Шахсони имкониятҳояшон маҳдуд дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ дастгирӣ меёбанд.
Дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» зиёда аз 65 нафр маъюбон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва КИКД ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамешагӣ дастгирӣ меёбанд.
Декани факултети тиббӣ д.и.т.,профессор Хоҷаева Н.М.

Баробарҳуқуқӣ ҳифз мешавад
05.12.2019 845

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php