Ҷашни Пачам дар МТИК “Стоматология”- и МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


Ҷашни  Пачам дар  МТИК “Стоматология”- и  МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Дар Маркази таълимӣ илмӣ- клиникии “Стоматология 19.11.2019 ҷаласаи кормандон бахшида ба рӯзи парчам бо иштироки роҳбари марказ н.и.т Одинаев И.С., сардори шӯъбаи иттилоот ва нашрияи донишгоҳ Таибов С.А., шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келди ва Хайрандеш, мудирони кафедраҳо,орденаторони клиникӣ ва табиб интернаҳо, донишҷӯёни курси-4 факултети стоматологӣ баргузор гардид. Ҷаласаро роҳбари марказ н.и.т Одинаев И.С. оғоз намуда афзуд, ки муаррифгари ҳар давлату миллат парчам аст ва мо устодони марказ вазифадорем, ки барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ андешида, парчамбардори миллати хеш бошем. Итминони комил дорем, ки сулҳу ваҳдат дар мамлакат пояҳои устувор дорад ва дар кори боз ҳам пойдору устувор гардонидани онҳо дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои судманд хоҳанд гардид.
Сипас шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келди ва Хайрандеш дар бораи парчам ва корнамоиҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барпо намудани давлати Тоҷикон суханрони намуда афзуданд, ки Президенти кишвар ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуданд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.
Дар охир сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи донишгоҳ Таибов С.А. аз пешравиҳои донишгоҳ сухан намуда таъкид кард, ки муассиса имрӯз пешоҳанги олии таълимӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустиро дар заминаи пойгоҳҳои байналмилалӣ илмӣ – иновационӣ тарбия ва ба бозори ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд, ки ин дар болоравии сифати илму таълим замина гузошта, барои наслҳои оянда дар табобати беморон хизмати шоистае хоҳад кард. Асоси пойдории сулҳу амнияти ватан ва осудагии халқу кишвар Пешвои миллат аст, ки ба шарофати ин родмарди асил имрӯз мо ҷашнҳои кишварро бо хотири ҷамъу болида ҷашн мегирем. Таибов С.А. бо қироати порае аз мисраҳои тозаэҷоди хеш ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшид:
Оқилона ҳарф гуфт, он кас ки дурандеш шуд,
Лаззати ҳар мисрааш чун сабки Хайрандеш шуд.
Парчами тоҷик ҷаҳонгир шуд ба шеъри Гулназар,
Пойдории ватан з-ин марди хайрандеш шуд.
Сармутахасиси шуъбаи иттилоот ва нашрия Турсунова З.

25.11.2019 578

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php