Дастоварди табибон дар самти мубориза бо сил


Дастоварди табибон дар самти мубориза бо сил

“Мо боз як давраи ҳассосу пурҳаяҷонро паси сар гузоштем, то ба ваксинаи сил дастрасӣ пайдо кунем!” Бо чунин хушхабар доктор Паула Фудзивара, роҳбари илмии Шӯрои байналмилалии мубориза бо бемории сил ва шуш 50-умин Конфронси ҷаҳонии солимии шушро ҳусни оғоз бахшид.

 Конфронси мазкур бо ибтикори Шӯрои байналмилалии мубориза бо бемории сил ва шуш баргузор шуда, тӯли 3 рӯз дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон идома меёбад. Дар доираи конфронс, ҳамзамон, баргузории симпозиум, семинарҳо, давраҳои коршиносӣ барои аспирантҳо, мубоҳисаҳои пажӯҳишгарон ва дигар маҳфилу чорабиниҳо дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин конфронс ҳайате иборат аз мутахассисону коршиносони соҳа аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ – намояндагони дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” муаррифӣ менамоянд. Овозхони шинохтаву маҳбуби тоҷик Нозияи Кароматулло ҳамчун фаъоли ҷамъиятӣ ба намояндагӣ аз дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ” дар ин конфронси байналмилалӣ иштирок дорад.

Бахши муҳим ва таконбахши ин конфронс муаррифии ваксинае мебошад, ки дар самти муолиҷаи сил “таҳаввул”-еро ба миён овардааст. Ваксинаи мазкур аз сафедаву бактерияи хос таркиб ёфта, муҳофизати дарозмуддати организми инсонро аз бемории сил таъмин менамояд. Дастёбӣ ба ваксинаи зиддисилӣ дар ҳолест, ки ҳамасола то 1,5 млн. нафар дар дунё аз бемории сил мефавтанд. Бояд гуфт, ки барои кашфи ин ваксина табибону олимони кишварҳои гуногуни дунё тӯли чанд сол кор кардаанд.

Баландтарин нишондиҳандаи гирифторӣ ба бемории сил дар Ҳиндустон сабт шудааст. Ҳукумати Ҳиндустон дар ин самт муборизаи шадидро оғоз кардааст ва Шӯрои байналмилалии мубориза бо бемории сил ва шуш ин иқдомро дастгирӣ намуда, ваъда додааст, ки то соли 2025 барои хотимаи сил тадбирҳои амалиеро роҳандозӣ менамояд. “Агар мо силро дар Ҳиндустон хотима дода натавонем, пас, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳам онро пешгирӣ карда наметавонем»- иброз дошт Ҷамҳоиҳ Тонгсингх, директори дафтари Шӯро дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ.

Шӯрои байналмилалии мубориза бо бемории сил ва шуш соли 1920 таъсис ёфта, аз ҷумлаи аввалин созмонҳои ҷаҳонии тандурустӣ мебошад. Аъзо, кормандон ва мушовирони Шӯро дар беш аз 140 кишвари дунё фаъолият карда, арзишҳои аслӣ, бетарафӣ ва ҳамгироиро барои хотима додани сил роҳандозӣ менамоянд.

 


31.10.2019 961

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php