«Масъалаҳои мубрами аудиология»


«Масъалаҳои мубрами аудиология»
Тибқи қарори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 626 аз 28.08.2019; фармони раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино № К-103 §19 аз 02.09.2019, ман ба беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ сафар кардам.
Баъди вохӯрӣ бо сардухтури беморхона Давлатбеков Саидбек ва ҷамъ кардани 15 нафар мутахасисони соҳаи ЛОР (рӯйхати табибон дар замима омадааст) дар толори беморхона аз барномаи такмили ихтисос доир ба мавзӯи: «Масъалаҳои мубрами аудиология» ба дарс шурӯъ наму-дем.
ЭЗОҲ
1. Мақсади омўзиш: аз наздик шинос намудани оториноларин-гологҳои умумӣ бо хусусиятҳои сохту вазифаи узвҳои тахликунандаи со-меа, асосҳои масъалаи сурдология – хонда таҳлил намудани хулосаҳои санҷиши аудиологӣ, санҷиши вестибулометрӣ, отомикроскопия, эксперти-заи коршоямӣ вобаста ба намудҳои гуногуни гаронгӯшӣ мебошад.
2. Вазифаҳои омўзиш:
- Дар сатҳи боло ва мушахас хондани лексияҳо бо истифодаи васеи технологияи компютерӣ,
- Шиносоии шунавандагон бо таърихи бои фанни оториноларин-гология – бахши аудиология,
- Дар машғулиятҳои амалӣ аз наздик шинос намудани шунаванда-гон бо усулҳои муосири тадқиқи бемориҳои гўш, акуметрия, аудиометрия ва ғайра.
- дар анҷоми силсилаи дарсҳо бо шунавандагон саволу чавоб гу-заронида шуд.
4. Назорати дониш: ба таври пурсиши шифоҳӣ, мустақилона ҳал намудани вазифаҳои тестӣ, мустақилона гузаронидани муоинаи ЛОР-узвҳо, акуметрия, аудиометрияи лаҳнии ҳаддӣ, аудиометрияи лаҳнии бо-лоҳаддӣ, усулҳои объективии шунудсанҷӣ ва дар асоси онҳо таин намуда-ни табобати зарурӣ, гузаронида шуд.
Мувофиқи нақшаи дарсии дар боло зикр гашта кулли шунавандагон ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ як зумра донишу малакаи худро ғаннитар намуданд. Хусусан муоинаи отомикроскопия, истифодаб-арии камертонҳо ва усулҳои гуногуни аудиометрияи субъективӣ ва обек-тивиро азхуд намуданд. Бо ҷарроҳиҳои мураккаби ӣмплантатсия кохле-арӣ тариқи видео наздиктар шинос шуданд.
Барои баланд бардоштани маҳорату малака, ба таври алоҳидагӣ дар утоқҳои кории мутахасисони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Мурғоб, Ишқошим ва Рушон дарси амалӣ доир ба шунудсанҷии компютерӣ гуза-ронида шуд.
Дар раванди таълим ба шунавандагон лексияҳои зерин хонда шудаанд:
30.08.2019 – Анатомия физиология ва усулҳои тадқиқи узви таҳлил-кунандаи сомеа. Намоиши презентатсия, видеонаворҳо ва фильмҳо.
31.08.2019 – Анатомия физиология ва усулҳои муоинаи узви таҳлил-кунандаи мувозинат. Намоиши презентатсия, видеонаворҳо ва фильмҳо.
2.09.2019 – Бемориҳои шадид ва музмини фасодноки гӯши беруна миёна ва дохила – клиника, ташхис, ташхиси тафриқавӣ, оризаҳо ва усулҳои табобат. Намоиши презентатсия, видеонаворҳо ва фильмҳо.
3.09.2019 – Отити миёнаи музмини фасоднок (мезо- ва эпитимпанит), оризаҳои ҷумҷумавии он. – Клиника, ташхис, ташхиси тафриқавӣ, ори-заҳо ва усулҳои табобат. Намоиши презентатсия, видеонаворҳо ва филь-мҳо.
4.09.2019 – Бемориҳои ғайрифасодноки гӯш: Назлаи гӯши миёна, Ил-тиҳоби асаби сомеа, Отосклероз, Бемории Меньер – Клиника, ташхис, ташхиси тафриқавӣ, оризаҳо ва усулҳои табобат. Намоиши презентатсия, видеонаворҳо ва фильмҳо.
5.09.2019 – Экспертизаи ЛОР - эътилолиятҳо, пастшунавоӣ, вестибу-лопатия, карию гунгӣ. Асосҳои кори ЛОР-мутахасис дар комиссияи тиббӣ-касбӣ ва тиббӣ-ҳарбӣ, Намоиши презентатсия, видеонаворҳо ва фильмҳо.
6.09.2019 – Дарси ҷамбастӣ, сӯҳбат ва саволу ҷавоби шифоҳӣ.
Дар охир, бояд қайд намоям, ки таҳти сарпарастӣ ва ёрии раёсати бе-морхона алалхусус Давлатбеков Саидбек, шароити ташкил карда шуда, раванди даври омӯзиш дар сатҳи баланди таълимӣ гузашт, кулли шу-навандагон бо тартибу интизоми баланд даври омӯзишро ба анҷом расо-нида малакаи касбии худро аз асосҳои аудиология, сурдология ва баъзе масъалаҳои оториноларингология баланд намуданд.
Мехоҳам ба ташкилкунандагони ин даври бозомӯзиши мутахасисони соҳаи ЛОР, пеш аз ҳама ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино арзи сипосамро баён намоям.
Тайёрам, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи тибби кишварамон ҳамаи қудрату тавоноиамро сарф намоям.
Роҳбари даври омӯзишии сайёр,
Доктори илмҳои тиб, профессор Холматов Ҷ. И.

Шунавандагони даври омузишии сайёр оид ба  Масъалаои мубрами аудиология - Хоруг 2019
муоинаи отомикроскопия
03.10.2019 807

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php