Вохўрӣ бо донишҷўёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунандаи донишгоҳ
Санаи 17-09-2019 дар хобгоҳи №5-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино вохўрӣ бо донишҷўёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунандаи донишгоҳ, ки дар хобгоҳи мазкур истиқомат мекунанд, доир гашт. Ҳадаф аз вохўрӣ шиносоӣ бо донишҷўёни курси якум мебошад.
Дар баробари табрики донишҷӯн барои дохил шудан ба чунин як донишгоҳи бонуфузи кишвар, аз моҳияти ин имтиёзи Ҳукумати мамлакат, яъне квотаи Президентӣ, ки сазовор гардидан ба он шараф аст, сухан карда шуд. Ба ин донишҷӯён, ки бо чунин имтиёз шомили донишгоҳ шудаанд, фаҳмонида шуд, ки бо дониши хуб ва рафтори намунавӣ сазовор будани худ ба онро собит намоянд.
Инчунин, дар вохӯрӣ оид ба риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ ва сарулибоси муқарраргардида, қонуну қоидаҳои таҳсил дар донишгоҳ ва истиқомат дар хобгоҳ, фосила гирифтан аз ҳар гуна равия ва ақидаҳои бегонапарастӣ, ифротгароӣ маълумот дода шуд.
Ҳамзамон, дар бораи аҳамияти Истиқлолияти давлатии кишвар ва таҷлил аз 28-умин солгарди ин санаи муҳим ва сарнавиштсози миллат, кушодашавии агрегати 2-юми НОБ-и Роғун, ки ба рӯзҳои ҷашни истиқлолият мувофиқ омада буд, маълумоти муфассал ироа гардид.
Зимнан, соли ҷорӣ 222 нафар донишҷӯён ба донишгоҳ тибқи квотаи Президентӣ дохил гардиданд, ки аз минтақаҳои мухталифи кишвар мебошанд.
Муовини декан оид ба донишҷӯёни
тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З.
27.09.2019
668