22 сентябр – Рӯзи Рӯдакӣ


22  сентябр – Рӯзи Рӯдакӣ
Дар Маркази омодагии қаблии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ чорабиниии илмӣ-адабӣ доир гардид. Дар чорабинӣ ҳайати омӯзгорону кормандони МОҚ иштирок намуда, доир ба ҳаёт ва эҷодиёти қофиласолори адабиёти тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ибрози назар намуданд.
Маҳфили адабиро бо сухани ифтитоҳӣ директори Марказ Қиматзода Р.С. ҳусни оғоз бахшида риштаи суханро ба омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик Сабуров А.О. ва Сафарова Ф.М. дод.
Баромадкунандагон қайд намуданд, ки устод Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ яке аз аввалин адибон ва шоиронест, ки сабки хуросониро асос гузошт ва бо забони ширини тоҷикӣ ва ашъори пурмуҳтавою услуби оммафаҳмаш ба дили мардум роҳ ёфт. Саҳми устод Рӯдакӣ дар рушду нумуи адабиёти тоҷику форс хеле калон буда, ба қавли донишманди бузург Саид Нафисӣ одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ «…аз нахустин шоиронест, ки роҳро бар ояндагон кушод ва шоирони минбаъда аз ӯ пайрави карданд». Мавзӯи ашъораш саропо панду ахлоқ ва сурудаҳои зиндагист. Беҳуда нагуфтааст:
«Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст».
Воқеъан ин гуфтаҳои шоири бузург имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва монанди чароғ роҳи насли имрузу фардоро мунаввар мекунанд.
Маркази омодагии қаблӣ

25.09.2019 1519

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php