Шикаст натиҷаи як соли дуруғу фитнаи ПМТ


Шикаст натиҷаи як соли дуруғу фитнаи ПМТ Як сол аст, ки  наҳзатиҳои террорист бо таъсис додани ПМТ (эътилофи ҷинояткорони наҳзатӣ) дағдаға доранду воҳима мекунанд, ки гӯё муваффақияте ба даст оварда бошанд. Дар ҳамин ҷаласаи САҲА, ки айни ҳоло  дар Варшава ҷараён дорад, низ аз номи ҳамин иттиҳоди дуруғини худ зиёд ҳарф мезананд ва мардумро боз бо дуруғпарокании худ гумраҳ карданианд. Дар асл ПМТ чист? ПМТ ин иттиҳоди чанд созмонеси дуруғинест, ки худи раҳбарияти наҳзатӣ пештар ташкил карда буданд ва баъд онҳоро гӯё муттаҳид карданд. Ин такрори ҳамон ИНОТ-и солҳои навадум аст, ки раҳбарияти собиқи наҳзатӣ ташкил карда, чанд ташкилоти дигарро дар худ фуру бурда буд ва бар зидди давлату миллати Тоҷикистон меҷангид. Имрӯз ҳам наҳзатиҳо ҳамон корро мекунанд, танҳо аслиҳа надоранд ва ниҳоят заифанду ба ғайр аз туҳматзанию бадномсозии давлату миллат кори дигаре аз дасташон намеояд.
22.09.2019 511

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php