Ноумедӣ : САҲА макри наҳзатиҳоро пай бурд


Ноумедӣ : САҲА макри наҳзатиҳоро пай бурд Нишасти САҲА дар Варшава бо иштироки намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон  наҳзатиҳои террористро ба шикаст дучор кард. Фазои сомонаҳои иҷтимоиро чанд рӯзи охир инъикоси ҷараёни баргузории ин нишаст пур карда, асосан ба нокомию ноумедиҳои наҳзатиҳо ангушти ишорат равона гардидааст. Ҳамагон бар ҳоли ин гурӯҳи хиёнаткор механданд, зеро ин натиҷаи амали худи онҳост. Чуноне ки дар урфият мегӯянд “Чоҳкан зери чоҳ” аст.  Бо он ки ин гурӯҳи чалласаводон аз худашон алома тарошида мехостанд номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бад кунанд, аммо ҳеҷ натиҷае ба даст оварда натавонистанд, баръакс маълум сохтанд, ки воқеан ҳам аз сулҳу оромӣ ва пешравии кишвар хеле нороҳатанду ба ҳар роҳу восита ҳамаи дастоварҳои бузурги ватанро нодида мегиранд.
22.09.2019 506

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php