Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи забони тоҷикӣ
Дар санаи 6.02 соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи забони тоҷикӣ, инчунин мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.
Дар кафедраи мазкур бо донишҷӯёни курсҳои 1-уми факултетҳои тиббӣ, ф педиатрӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ, ва нигаҳдории тандурустии ҷамъият аз фанни забони тоҷикӣ дарсҳо гузаронида мешаванд.
Малакаҳои амалии донишҷӯён аз азхуджкунии шеър, навиштани ҳуҷҷатҳои расмии коргузорӣ (ариза, тавсифнома), матнҳо, навиштани ЭССЭ ва иншо иборат аст. Дар кафедраи мазкур барои донишҷӯён 17 адабиёти таълимӣ дар самтҳои гуногуни ихтисос таҳия ва чоп карда шудаанд.
С.С. Субҳонов, сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор, н.и.т., дотсент