Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон


Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон

Халқи тоҷик аз қадимулайём таърихи бой ва пурғановат дошта, дар соҳаи тиб нобиғаҳои нотакрор дорад, ба мисли Абӯалӣ ибни Синои бузург ва Закариёи Розӣ, ки    усулҳои табобати гиёҳиро дар мадди аввал мегузоштанд.

Дар тибби қадим доир ба растаниҳои шифобахш ва растаниҳои заҳрнок маълумотҳои зиёде оварда шудааст. Истифодаи растаниҳои шифобахш хусусиятҳои хоси худро дорад, ин ҳам бошад ба хусусиятҳои фардии организм вобаста аст. Чунки ҳар як фард, ҳар як организм дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад ва дар   мавриди истифодаи растаниҳои шифобахш тавсияи мутахассисон зарур аст. Растаниҳо низ хусусият ва таркиби муайяни химиявии худро доранд. Бинобар ин, вобаста ба миҷози бемор растаниҳои шифобахш тавсия карда мешаванд.

Дар партави иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ хусусан оиди растаниҳои доругии Тоҷикистон, бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои таблиғотӣ гузаронида мешавад.

Рӯзи 30 -уми январ муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. дар сабти барномаи Радиои Тоҷикистон «Фарҳанг» дар барномаи «Дорухонаи табиат» барои шунавандагони радиои мазкур доир ба хусусиятҳои шифоии растании маъмули Тоҷикистон «турб» маълумоти мухтасари илмӣ пешниҳод намуд.

Ҷ.Қ. Муҳаббатов, декани факултети тиббӣ , д.и.т., профессор 



08.02.2019 14682

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php