Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи ҷарроҳии умумии №1
28-уми январ санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи ҷарроҳии умумии №1 инчунин, мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.
Дар кафедраи мазкур донишҷӯёни курси 2-юм, 3-юм ва 6-уми факултети тиббӣ, донишҷӯёни курси 2-юм, 3-юм ва 4-уми факултети стоматологӣ, аз курси малакаҳои амалӣ, ҷароҳии умумӣ, бемориҳои ҷарроҳӣ таҳсил менамоянд. Ҳамзамон ба ғайр аз донишҷӯён 6-нафар аспирантон (соли 2 - 4-нафар ва соли 1- 2-нафар), 2-нафар унвонҷӯён корҳои илмиашонро тибқи мавзӯҳояшон иҷро менамоянд.
Инчунин, 7-нафар ординаторони клиникӣ (соли 1 – 4 - нафар, соли 2-юм – 3-нафар) дар пойгоҳи кафедра таҳсил менамоянд. Корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз навиштани таърихи беморӣ, куратсияи беморон, навиштани рефератҳо ва дар дафтарҳои КМД дарҷ кардани мавзӯҳои нақшавӣ, ҳал кардани маъсалаҳои ваъзиятӣ аз рӯи мавзӯҳои нақшавӣ ва тайёр кардани презентатсияҳо иборат мебошад.
Дар кафедраи ҷарроҳии умумии №1 барои донишҷуён зиёда аз 19 адад адабиёти таълимӣ дар самтҳои гуногуни ихтисос таҳия ва чоп карда шудаанд.
С.С. Субҳонов, сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор, н.и.т., дотсент