Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2


Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2

Дар санаи 28-уми январи соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2, инчунин мониторинги  сифати таълим гузаронида шуд.

Дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 бо донишҷӯёни курси 5-ум ва 6-уми факултети тиббӣ, аз фанни бемориҳои ҷарроҳӣ дарс  гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, дар кафедра 2 нафар интерн, 20-нафар ординатарони клиникӣ (соли аввал 8, соли дуюм-12 нафар), 5-аспирант ва 1-докторанти PhD кори илмии тибќи мавзӯяшон бударо иҷро менамоянд.

Корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз навиштани таърихи беморӣ, ҳал кардани маъсалаҳои ваъзиятӣ  аз рӯи мавзӯъҳои нақшавӣ ва  тайёр намудани презентатсияҳо  иборат мебошад.

Дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 барои донишҷӯён 21 адад адабиёти  таълимӣ ва 7-адад монографияҳо дар самтҳои гуногуни ихтисос таҳия ва чоп карда шудаанд.        

 

С.С. Субҳонов,  сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор, н.и.т., дотсент  


04.02.2019 466

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php