Ҷаласаи навбатии шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ
Санаи 29-уми январи соли 2019 дар маҷлисгоҳи раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии ҷонишини раиси Шӯрои илмӣ-методӣ, сардори шуъбаи таълим д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М. ва аъзоён Шӯрои илмӣ-методӣ (ШИМ) ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.
Дар Шӯрои илмӣ-методӣ масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Тасдиқи барномаҳои намунавӣ ва корӣ
2. Ахбор оиди фаъолияти комиссияи методии тахассусии НТҶ ва ҷарроҳӣ
3. Тасдиқи коркардҳои методӣ.
4. Масъалаҳои ҷорӣ
Ҷаласаи навбатии Шӯрои илмӣ-методиро д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М. оғоз намуда, оиди масъалаи якум тасдиқи барномаҳои намунавӣ ва корӣ гуфта гузаштанд.
Тибқи нақшаи нави таълимии Донишгоҳ, ки соли 2018 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, кафедраҳое ки, дар курси 1-уми дарс мегузаранд барои тасдиқ намудан дар Шӯрои илмӣ-методӣ барномаҳои нави таълимӣ аз фанҳои: гистология барои факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, НТҶ, математикаи олӣ, кимиёи физиколоидӣ барои факултети фармасевтӣ курсҳои 1-ум, беҳдошти умумӣ барои факултети НТҶ курсҳои 2-3-юм, дар асоси Қарори Шӯрои олимон аз 27.10 соли 2016 №3, кафедраҳои Донишгоҳ, ки дар онҳо раванди таълим тибқи низоми кредитӣ мегузарад, барномаҳои таълимиро барои курси 3-юми аз фанҳои иммунологияи умумӣ, КМК (ТАБК) барои факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ, бемориҳои дарунии №1, физиотерапия, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ барои факултети стоматологӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ барои факултетҳои тиббӣ, бакалавр, педиатрӣ, стоматологӣ, НТҶ, бемориҳои ҷарроҳии №1, бемориҳои дарунии №1, бемориҳои кӯдакона №1 (педиатрия), дерматовенерология барои бакалавр, бемориҳои кӯдакона №1, беҳдошти ҳарбӣ, беҳдошти умумӣ, беҳдошти хӯрока барои факултети НТҶ, беҳдошти умумӣ (кафедраи беҳдошти умумӣ ва экология) барои факултети фармасевтии донишгоҳ, инчунин, беҳдошти умумӣ (кафедраи беҳдошти умумӣ ва экология) барои курсҳои 3-4 барои факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ, фармакогнозия ва асосҳои заҳршиносӣ барои курсҳои 3ва 5-уми факултети фарматсевтӣ, вогиршиносӣ ва фармакологияи клиникӣ (кафедраи тибби оилавии №2) барои курси 5-уми факултети педиатриро пешниҳод намуданд.
Барномаҳои таҳияшуда дар ШИМ-и донишгоҳ тасдиқ гардида ба Шӯрои олимони навбатӣ барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.
Дар масъалаи дуюм раисони ШИМ-и тахассуси НТҶ Дабуров Н.К. ва ҷарроҳӣ Султонов Ш.Р. ахборот доданд.