Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методӣ дар кафедраи стоматологияи ортапедӣ
Дар санаи 15.01. соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи стоматологияи ортапедӣ ва инчунин мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.
Дар кафедраи мазкур бо донишҷӯёни курсҳои 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5-уми факултети стоматологӣ аз фанҳои пропедевтикаи стоматологияи ортопедӣ, стоматологияи ортопедӣ, масолеҳшиносӣ дарс гузаронида мешавад. Дар кафедра ғайр аз донишҷӯён 7- нафар ординаторони клиникӣ (3-нафар соли 2-юм ва 4-нафар соли 1-ум) ва 1 нафар аспиранти соли якум таҳсил мекунанд.
Корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз навиштани реферат, муоинаи беморон, азназаргузаронии муоинаи дандон ва қатори дандонҳо, пур кардани таърихи амбулатории стоматологӣ, усули ламскунии мушакҳои руй ва ҷоғҳо, тартиби гузоштани ташхис, муайянкунии ҳолати дандон аз рӯи мавзӯҳои нақшавӣ иборат аст.
С.С. Субҳонов, Роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент