Тибби ҳинд ба Тоҷикистон роҳ мекушояд
Чӣ хеле ки маълум аст, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7-9 октябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ва музокироти васеи ҳайатҳо таҳти роҳбарии Президентҳои ҳарду кишвар масоили ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва эътимод, ки ба муносибатҳои ду кишвари дӯст хос ҳастанд, баррасӣ гардиданд.
Рӯзи 8-уми октябр якчанд санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки дар ин миён санаде бо номи «Ёддошти тафоҳуми Шӯрои марказии тадқиқот дар соҳаи тибби юнонии Вазорати аюш (аюрведа, йога, муолиҷаи табиӣ ва юнонӣ)-и Ҳиндустон ва Муасссисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд, ки ин санад аз ҳамкории густурдаву арзишманди Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар соҳаи тиб гувоҳӣ медиҳад.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа