Ташкили дарси кушод ба донишҷӯёни бо забони англисӣ таҳсилкунанда


Ташкили дарси кушод ба донишҷӯёни бо забони англисӣ таҳсилкунанда

4-уми октябр дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика дарси кушоди омӯзгор Ризоева О.А дар гурурӯҳи 59-уми факултети тиббӣ, ки таҳсилашон бо забони англисист дар мавзӯи Асосҳои ситогенетика гузаронида шуд. Дар он дотсент Шукурова Д.А, Аслонова Х.М ва омӯзгори кафдраи забонҳои хориҷӣ Ҷалова М. иштирок доштанд. Муттахасисон ва иштирокчиён, дарси кушоди омӯзгор Ризоева О.А - ро таҳлил намуда, қайд карданд, ки дарс воқеан шавқовару фаҳмо ва аз ҷиҳати   забонӣ дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин донишҷӯёни гуруҳ ба сифати дарсҳои ҳамарӯзаи лексионию амалӣ ва кумакҳои беѓаразонаи омӯзгор ба донишҷӯёни гурӯҳ миннатдорӣ изҳор намуданд.   

            Мавриди зикр аст, ки дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика айни замон 3-нафар омӯзгор ба гурӯҳҳои омӯзишашон ба забони англисӣ дарсҳои лексионӣ ва амалиро мегузаронанд, ки аз онҳо 2-нафарашон номзади илми биология мебошанд. Онҳо дар дараҷаи баланди касбӣ барномаҳои таълимӣ ва забони англисиро медонанд. Ҳамчунин 3-нафар омӯзгорони ҷавон мустақилона забони англисиро меомӯзанд.

Кафдедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика


06.10.2018 732

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php