Санҷиши фаъолияти таълимӣ - методии кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ
5-уми декабр санҷиши фаъолияти таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълими кафедраи Стоматологияи муолиҷавӣ гузаронида шуд.
Барои баланд намудани сатҳи дониши донишҷӯён дар кафедра зиёда аз 50 маводҳои таълимии аёнӣ ва дар ҳамаи мавзӯҳои лексионӣ презентатсияҳо иборат аз 30 то 40 слайдҳо аст. Инчунин, зиёда аз 70 видеофилмҳои соҳаи стоматологӣ барои нишон додан дар машѓулиятҳои амалӣ истифода карда мешаванд. Дар раванди таълим ҳуҷраҳо ва таҷҳизоти Маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳуҷраи фантомӣ, физиотерапевтӣ ва утоќи рентгенӣ инчунин дастгоҳҳои стоматологӣ, муляжҳо истифода карда мешаванд. Корҳои мустаќилонаи донишҷӯён аз расмкашӣ дар албом, сохтани дандонҳо аз мум ва пластилинҳо, навиштани реферат, ҳал кардани масъалаҳои вазъиятӣ ва кор бо беморон таҳти роҳбарии омӯзгор иборат аст.
Дарсҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешаванд. Аз тарафи ҳайати омӯзгорони кафедра бо забони тоҷикӣ ва русӣ зиёда аз 20 номгӯй адабиёти таълимӣ барои донишҷӯён таҳия гардида, нашр шудааст.
Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, муҳити корӣ низ хуб аст.
С.С.Субҳонов, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент