Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои дарунии №3
Дар санаи 11.12с.2018 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои дарунии №3 ва мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.
Корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз навиштани реферат, таърихи беморӣ, иҷрои малакаҳои амалӣ вобаста ба мавзӯъҳои дарсӣ, муоинаи беморон (палпатсия, перкуссия ва аускултатсияи беморон, ташхису табобат) иборат мебошад.
Аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ зиёда аз 20 номгӯй адабиёти таълимӣ барои донишҷӯён таҳия гардида, аз чоп бароварда шудааст. Инчунин дар кафедра китоби «Расонидани ёрии терапевтӣ ба беморони дар марҳилаҳои эваккуатсияи тиббӣ буда» таҳия гардида, тасдиқ шудааст ва ба чоп дода шудааст.
Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.
С.С. Субҳонов, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент