Санҷиш ба таври OSCE
Устодони кафедраи тибби оилавӣ №2 бо сарварии мудири кафедра Ёдгорова М.Ҷ. рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ дар шароити Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ санҷиш ба таври OSCE бо иштироки мутахассисон аз фанҳои акушерӣ ва гинекология, бемориҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, ёрии таъҷилӣ – барои 60 нафар донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ гузарониданд. Мақсад – устувор кардани маҳорати амалию муоширатӣ, ки донишҷӯён дар доираи «Соли таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ» омӯхтанд. Дар рафти санҷиш сардори гурӯҳи назорати сифати таълим Субҳонов С.С. бо кормандонашон иштирок намуданд.
Усмонов Ҷ.Н., директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ