Рӯзи Байналмиллалии псориаз


Рӯзи Байналмиллалии псориаз

       29-уми октябри соли равон Рӯзи Байналмиллалии псориаз кайд карда мешавад. Ин рӯз бо пешниҳоди ассотсиатсияи Байналмиллалии псориаз соли 2004 тасдиқ шуда буд, аз ҳамон вақт инҷониб ҳар сол қайд карда мешавад.

       Маълум аст, ки псориаз бемории музмини инфексионӣ буда, дар байни дигар дерматозҳо бештар  во мехӯрад. Аз рӯи омор дар чаҳон аз  2 то 4% одамон ба ҳамин беморӣ гирифторанд, яъне ҳар 25-умин одами ҷаҳон, тахминан 250 миллион одам.

     Рӯзи байналмилаллии псориаз санаи махсус ба ҳисоб меравад, ҳам барои табибони дерматологҳо ва ҳам барои  беморони гирифтори псориаз. Мақсади асосии таҷлили ин рӯз гузаронидани ҳар гуна маъракаҳо барои баланд бардоштани маълумот дар бораи псориаз, муолиҷаи он ва беҳтар намудани сифати ҳаёти ингуна беморон мебошад. Вобаста аз ин, дар кафедраи дерматовенерология низ бо иштироки устодони кафедра, ординаторҳои клиникӣ ва табибони интернҳо семинар гузаронида шуд. Дар семинар таърихи бемории 3 нафар беморон, ки ба псориаз гирифторанд, пешниҳод карда шуд, онҳо намуди гуногуни беморӣ дошта, синну солашон ҳам гуногун буд. Устодон, профессорон, дотсентҳо ва омӯзгорон саволҳо доданд, ординаторон ва табибони интернҳо фаъолона дар музоокира иштирок карданд.

Мухамадиева К.М., мудири кафедра дерматовенерология, д.и.т. 


02.11.2018 1037

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php