Оғози ҳафтаи санҷиши фослилавӣ дар факултаи стоматологӣ
Рӯзи 22-уми октябр дар маҷмааи нави таълимии “Шифобахш” супоридани фосилаҳо оғоз гардид. Бояд гуфт, ки фосиласупорӣ вобаста ба курсҳо ҳамарӯза аз соати 730 то 1600 давом меёбад. Аз факултети стоматологӣ донишҷӯёни курсҳои 1-3-юм ҳамарӯза фосилаҳои аз 1 то 3 фанни таълимиро супориданд. Пеш аз оғоз гардидани фосиласупорӣ бо донишҷӯён оиди таълиму тарбия, интизом ва одоби донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Донишҷӯён бо боварии хос ва рӯҳияи баланд сарбаландона ба супоридани фосилаҳо оғоз намуданд.
Деканати факултети стоматологӣ
29.10.2018
457