Мушкилиҳои актуалии псориаз
Рӯзи 29-уми октябр дар кафедраи дерматовенерологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино маърӯзаи донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҳиндустон дар мавзӯи “Мушкилиҳои актуалии псориаз”, ки ба Рӯзи байналмиллалии псориаз бахшида шуда буд, гузаронида шуд. Дар чорабинӣ бакалаврҳои гурӯҳҳои 9 ва 10-уми курси 4 ва донишҷӯёни гурӯҳи 58 аз факултети тиббӣ иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ дотсенти кафедра Алиев Ҳ.И. дар бораи аҳамияти проблемаи псориаз дар замони муосир суханронӣ намуда, гуфт, ки баъзе аз табибон дар бораи ҷараёни клиникии ин беморӣ маълумоти кофӣ надоранд ва онро бо дигар бемориҳо ташхиси тафриқавӣ карда наметавонанд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар як табиб дар бораи ин беморӣ маълумот дошта бошад.
Донишҷӯёни бакалавр аз гурӯҳи 9 Ҷитендра Авасти ва Ватсала Шарма дар ин чорабинӣ баромад намуда, дар бораи намудҳои гуногуни ин беморӣ ва миқдори беморони гирифтори он дар Тоҷикистон ва Ҳиндустон маълумот доданд. Донишҷӯён қайд намуданд, ки ин бемории мултифакторӣ буда, ҷиҳатҳои норавшани он ҳанӯз ҳам хеле зиёд мебошанд. Ҳамчунин, онҳо дар бораи мушкилиҳои асосии табобати беморони гирифтори ин беморӣ сухан гуфтанд.
Дар охир доир ба мавзӯъ саволу ҷавоб байни устодону донишҷӯён баргузор гашт.
Мухаммадиева К.М., мудири кафедраи дерматовенерология, д.и.т.
Ординатори клиникии соли дуюми кафедраи дерматовенерология Бозоров Савриддин