Ҷаласаи Шӯрои олимони факултети стоматологӣ
Санаи 21.12. соли 2018 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони факултети стоматологӣ баргузор гардид. Пас аз шиносоӣ бо нақшаи кории ҷаласа ҳисоботи мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ оиди ҷараёни корҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дар кафедраи номбурда шунида шуд. Ба суолҳои пайдошуда мудири кафедра Зарипов А.Р. ҷавобҳои саҳеҳ дод. Сипас мудирони кафедраҳои факултети стоматологӣ дар бораи фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён ва ҳолати кори кураторӣ дар факултет маърӯза карданд. Дар маъалаҳои гуногун мавзуи илмӣ-тадқиқотии магистри кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия Ғазал Орзу тасдиқ карда шуд. Ба саволҳо магистр ва роҳбари илмӣ мудири кафедра Якубова З.Ҳ. посух доданд. Дар охир сардори гурӯҳи идоракунии сифати таълим дотсент Субҳонов С.С. дар бораи камбудиҳои ҷойдошта оиди сифати таълим дар баъзе кафедраҳо суханронӣ намуд.
Ю.Ҳ. Иброҳимов, декани факултети стоматологӣ н.и.т