Ҷаласаи навбатии шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ
Санаи 18-уми декабри соли 2018 дар маҷлисгоҳи раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии Шӯрои илмӣ-методӣ д.и.т., профессор Ибодов С.Т. ва аъзоён Шӯрои илмӣ-методӣ (ШИМ) ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.
Дар Шӯрои илмӣ-методӣ масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Ахбор оиди фаъолияти ШИМ-и тахассусии фанҳои тиббӣ - назариявӣ ва педиатрӣ
2. Ахбор оиди фаъолияти «Бахши идоракунии сифати таҳсилот»
3. Ахбор оиди имтиҳонҳо дар сессияи зимистона
4. Тасдиқи тестҳои фосилавии 2-юм
5. Тасдиқи коркардҳои методӣ.
6. Масъалаҳои ҷорӣ
Ҷаласаи Шӯрои илмӣ-методиро д.и.т., профессор Ибодов С.Т. оғоз намуда. Дар масъалаи якум раиси комиссияи методии назариявӣ-тиббӣ Сабурова А.М. ва раиси комиссияи методӣ Мамаджанова Г.С. ахборот доданд.
Дар масъалаи дуюм роҳбари гурӯҳи НСТ Субҳонов С.С. баромад намуда, қайд карданд, ки аз тарафи кормандони бахши гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот то ба имрӯз дар 22 кафедраҳои доншгоҳ фаъолияти таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим гузаронида шуд. Бо ҳайати кормандони кафедра оид ба омодагӣ ба аттестатсияи навбатии донишгоҳ, сохторҳои он ва инчунин аккредитатсияи байналмиллалӣ дар соли 2019 сӯҳбат гузаронида шуд.
Дар масъалаи сеюм д.и.т., профессор Ибодов С.Т. оиди имтиҳонҳо дар сессияи зимистона ахборот доданд. Муовинати таълим бо дарки баланди масъулият ба сессияи зимистонаи соли таҳсили 2018-2019 омодагии ҳамаҷониба дидааст. Аз ҷумла шуъбаи таълим барои гузаронидани имтиҳонҳои сессияи зимистона дар соли таҳсили 2018-2019 барои ҳамаи факултетҳои донишгоҳ ҷадвали сессияи зимистонаро таҳия ва тасдиқ намуд. Гузаронидани имтиҳонҳои сессияи зимистона барои ҳамаи факултетҳо аз рӯи 37 фан дар Маркази ягонаи тестӣ ба нақша гирифта шудааст. Рӯйхати имтиҳонҳои ниҳоӣ барои курсҳои 1-3 –и ҳамаи факултетҳое, ки бо натиҷаи ИФ-1 ва ИФ-2 ҷамъбаст мешаванд, ҳамагӣ 28 фанро ташкил мекунад.
Муовинати таълим